Сураи Иброҳим Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 15

وَاسْتَفْتَحُوا وَخَابَ كُلُّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ ١٥

Вастафтаҳу ва хоба куллу ҷаббарин ъанӣд. 15.

15. Ва (пайғамбарон) талаби фатҳ карданд ва ҳар саркаши ситезанда(-и хасмгар) навмед шуд,

Дар бораи он, ки кадом гурӯҳ, пайғамбарон, ё золимон талаби фатҳу зафар кардаанд, байни олимон ва муфассирон ихтилофи назар аст: Баъзе аз онҳо пайғамбаронро пурсандаи фатҳу зафар донистаанд. Баъзе аз онҳо умматҳои онҳоро. Дигарон гуфтаанд, ки ҳар ду тараф як шуда гуфтанд, ки агар кадоме аз мо ҳақ бошад, Худованд фатҳу зафару кушоиш диҳад, кадоме аз мо ноҳақ бошад, Худованд ӯро дар ҳасрат мононад. Бо назардошти маънои оятҳои қаблӣ ва ояти баъдии сураи мазкур пайғамбаронро талабкунандаи фатҳ ҳисобидан мувофиқтар аст. Бо назардошти ин нуқтаи назар шарҳи ояти мазкур чунин аст: пайғамбарон дуо (талаб)-и фатҳ карданд ва соҳиби фатҳу пирӯзӣ шуданд. Лекин кофирону мушрикон ноумед шуда, дар ҳамин дунё ба ҳалокат рӯ ба рӯ омада нобуд шуданд. Барои фаҳми, бештар ба сураи «Шуъаро» оёти 118-119 ва «Аъроф» ояти 89-ум ва «Аҳзоб», ояти 50-ум ва «Сод», ояти 16-ум ва «Анфол», ояти 32-ум муроҷиъат шавад. Барои чунин ҷабркунандагони золим дар оятҳои зер Худованд фармуд, ки:


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)