Тафсири Сураи Иброхим Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иброҳим Ояти 14
وَلَنُسْكِنَنَّكُمُ الْأَرْضَ مِنْ بَعْدِهِمْ ۚ ذَٰلِكَ لِمَنْ خَافَ مَقَامِي وَخَافَ وَعِيدِ ١٤
Ва ла нускинаннакуму-л-арЗа мин баъдиҳим. залика ли ман хофа мақомӣ ва хофа ваъӣд. 14.
14. Ва ҳаройина, баъд аз онҳо шуморо дар Замин сокин хоҳем сохт. Ин ваъда ба касе мерасад, ки аз истодан ба ҳузури Ман ва аз ваъдаи азоби Ман битарсад».
Дар аснои даъвати пайғамбарон кофирони фоҷири қавм ҷуръат пайдо карда, бо таҳдид ба онҳо гуфтанд, ки шумо мегӯед, мо ба Худо таваккул мекунем, ин суханҳоро як тараф гузоред, худро дар назари мо ин қадар бузург нишон надиҳед. Ҳоло дар назди шумо ду роҳ аст. Кадоме аз ин роҳҳоро ихтиёр мекунед, ин кори шумост. Ё шумо ва касоне, ки мояи гумроҳии онҳо шудед, ба дини қадимаи мо бармегардед! Ё шуморо аз диёрамон хориҷу бадарға мекунем. Яъне аз ояти мазкур чунин фаҳмидан мумкин аст, ки ҷамъияте, ки Худои ҳақиқиро эътироф намекунанд, ҳеҷ розӣ намешаванд, ки мусалмонҳои ҳамроҳи онҳобуда барои пешрафти дини Ислом ҳаракат дошта бошанд. Ҷамъиятҳои ғайриисломӣ, ҳатто аз як мусалмони ҳамроҳи онҳо буда хавф мебаранд. Зеро ӯ ботилкории онҳоро медонад, мумкин аст сирри онҳоро фош кунад ва роҳи ростро ба мардум нишон диҳад. Бинобар ин, ба ӯ мегӯянд, ки бо мо ҳамкору ҳамсадо мешавӣ, агар не, ё кушта мешавӣ, ё зиндонӣ мешавӣ, ё бо ҳукми қонуни мо бадарға шуда, аз ин ватани мо меравӣ. Пас тасаввур кунед шахсеро, ки нав ба пайғамбарӣ таъин шудааст, айни ҳол ӯ ҳеҷ ёрирасоне надорад, ҷамъияти ғайриисломиро ба Ислом даъват мекунад ва дар баҳсу мунозира бар онҳо ғолиб меояд, кофирон ба ӯ таҳдид мекунанд, дар кадом ҳолат қарор дорад? Албатта, пайғамбар ё мусалмоне, ки дар ватани худ намеғунҷад, ба кадом ҳолат гирифтор аст, инро Худо медонад.
Хулоса, ҷамъиятҳои ғайриисломӣ пайғамбарон ё муъминҳоро чунин таҳдидҳо мекарданд, ки ҳарчиро интизор шудан мумкин буд, лекин, хушбахтона ваҳйи илоҳӣ онҳоро башорат дод, ки албатта, мо ин душманҳои золими бадкорро ҳалок мекунем, баъди нест шудани онҳо замину диёри онҳоро барои шумо ва барои касоне, ки пайрави шумоанд, ҷои зистту зиндагонӣ мегардонем. Ин мужда барои касоне мерасад, ки онҳо аз ҳозир шудан назди Аллоҳтаъоло ва аз ваъиди азоби Аллоҳтаъоло метарсанд. Дар ҳақиқат барои пайғамбарамон (с) чунин фатҳу нусрат муяссар шуд. Баъди он чи байни золимону расулони Аллоҳ гузашт, онҳо:
Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «