Сураи Иброҳим Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 3

الَّذِينَ يَسْتَحِبُّونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا عَلَى الْآخِرَةِ وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَيَبْغُونَهَا عِوَجًا ۚ أُولَٰئِكَ فِي ضَلَالٍ بَعِيدٍ ٣

Ал-лазӣна ястаҳиббуна-л-ҳайата-д-дунйа ъала-л ахирати ва ясуддуна ъан сабӣлиллаҳи ва ябғунаҳа ъиваҷа. Улаика фӣ Залалин баъӣд. 3.

3. Онҳо касонеанд, ки зиндагонии дунёро бар охират писанд мекунанд ва мардумро аз роҳи Худо бозмедоранд ва дар он каҷиро металабанд. Он гурӯҳ дар гумроҳӣ, (ва) аз (роҳи) ҳақ дуранд.

Худованд дар ин оят хислати шахсони кофирро баён кардааст. Онҳо касоне ҳастанд, ки ба сабаби муҳаббате, ки ба дунё доранд, ба зиндагонии муваққатии он чунон эътибор медиҳанд, ки лаззати охират ва неъматҳои ҷовидонаи онро ё нася мешуморанд ва ё бовар надоранд. Хислати дувуми онҳо ин аст, ки ё бо зарби зӯр ва ё бо макру ҳила мардумро аз роҳи Худо бозмедоранд. То ин ки ба ҳадафҳои шуми худ расанд, мехоҳанд кору кирдори мусалмонҳо пур аз хурофот бошад. Аз ин сабаб ба мардум роҳи Худоро каҷу ноҳамвор нишон медиҳанд.

Яъне кофирон ҳамеша ба ҷои охират зиндагони дунёро ихтиёр мекунанд. Онро меписандад ва аз охирату неъматҳои ҷовидонаи он беҳтар меҳисобанд. Шабу рӯз ғарқи муҳаббати дунё шуда мехоҳанд дигаронро низ ба муҳаббати он гирифтор кунанд. Ба ивази он роҳе, ки ризои Аллоҳ дар он аст, ба мардум роҳи дигарро пешкаш мекунанд. Бо чунин тарз мехоҳанд ба дини Худо хӯрдагирӣ кунанд, роҳи ростро каҷ нишон диҳанд. Ин гуна афрод аз роҳи рост хеле дур афтодаанд. Ҳеҷ умеде нест, ки онҳо ба роҳе, ки ризои Аллоҳ дар он аст, бозгарданд. Чашми ин гуна шахсон вақте во мешавад, ки аллакай азоби Илоҳӣ, ё марг бар сарашон омадааст. Дигар аз пушаймон шудани онҳо чӣ суду чӣ фоида? Як назар ба зиндагии имрӯзаи қисме аз мардум кифоя аст. Душманон тавонистанд иддае аз мусалмонҳоро ба ин роҳ тела диҳанд. Фикри онҳо ҳамеша парешон, хаёлашон фақат банди пулёбист. Вақти холие барои фикр кардан дар бораи имону ислом чандон надоранд. Чунон ғарқи фикру хаёли пулёбианд, ки ҳатто овози азонро мешунаванду ба масҷид намераванд. Ингуна инсонҳо мувофиқи маънои ояти мазкур бисёр гумроҳ ва аз ҳақиқат дур афтодагонанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)