Сураи Иброҳим Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 47

فَلَا تَحْسَبَنَّ اللَّهَ مُخْلِفَ وَعْدِهِ رُسُلَهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ ذُو انْتِقَامٍ ٤٧

Фа ла таҳсабанналлоҳа мухлифа ваъдиҳӣ русулаҳ. Инналлоҳа ъазӣзун Зунтиқом. 47.

47. Пас, мапиндор, ки Худо ба расулонаш ваъдаи Худро хилоф кунад. Ҳаройина, Худованд ғолибу соҳибинтиқом аст.

Худованд дар ояти қаблӣ шахсони муъминро ба кӯҳҳо ташбеҳ намуд, ки онҳо чун кӯҳ, ки дар муқобили ҳар таъсири беруна истодагӣ карда метавонад, агар аз тарафи золимон ба онҳо макре расад, синаи худро сипар карда, бардошт мекунанд ва дар бораи ҳақ будани Ислом ва ваъдаҳои Илоҳӣ, дар дили худ ҳеҷ шакку шубҳаро роҳ намедиҳанд. Худованд дар ин оят ошкоро ба Пайғамбар (с) гуфтааст, ки гумон мабар, ки Худованд ба ваъдае, ки ба пайғамбарон (а) додааст, мухолифат мекунад. На! Худованд ғолибу тавоно ва соҳиби интиқом аст. Хилофкорӣ аз касе сар мезанад, ки ӯ тавоно нест ё қудрати интиқом гирифтан надорад. Агар мушоҳида шавад, ки ситамгарон фавран ҷазо намебинанд, ин на ба хотири он аст, ки Худованд ваъдаи худро хилоф кардааст, балки ҷазои онҳо ба вақти муайян вогузор шудааст. Агар рӯзу соати ҷазодиҳии онҳо даррасад, ба ҳеҷ куҷо гурехта наметавонанд. Хоҳанд, нахоҳанд ба онҳо ҷазои одилона дода мешавад. Он ваъдаи ҷазо барои онҳо кай барпо мешавад, ояти зер баён мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)