Тафсири Сураи Иброхим Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иброҳим Ояти 51
لِيَجْزِيَ اللَّهُ كُلَّ نَفْسٍ مَا كَسَبَتْ ۚ إِنَّ اللَّهَ سَرِيعُ الْحِسَابِ ٥١
Ли яҷзияллоҳу кулла нафси-м ма касабат. Инналлоҳа сарӣъу-л-ҳисаб. 51.
51. То Худо ҳар касеро мутобиқи он чӣ карда аст, ҷазо диҳад. Ҳаройина, Худо зудҳисобкунанда аст.
Навъи ҷазоҳое, ки барои золимон пешбинӣ шудааст, дар ояти қаблӣ гузашт. Ин ҳама хабарҳо барои он аст, ки бешак, Худованд ҳар инсонро мувофиқи амалҳои баду неки анҷомдодааш ҷазо ё подош медиҳад. Инсон набояд шак дошта бошад, зеро Худованд Зотест, ки ҳисобу китоби золимонро хеле ба зудӣ ба охир мерасонад. Худованд Зотест, ки дар ҳолати ҳисобгирӣ ягон кори дигар ҳатто ҳисобгирӣ Ӯро машғул намесозад ва тамоми халоиқро дар миқдори вақти хостаи Худ ҳисоб мегирад. Аз он ҷиҳат, ки оятҳои ин сура мисли дигар оятҳои қуръонӣ ҷанбаи даъват ба тавҳид (яктопарастӣ) доранд, Худованд дар охирин ояти ин сура чунин фармудааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «