Тафсири Сураи Иброхим Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иброҳим Ояти 7
وَإِذْ تَأَذَّنَ رَبُّكُمْ لَئِنْ شَكَرْتُمْ لَأَزِيدَنَّكُمْ ۖ وَلَئِنْ كَفَرْتُمْ إِنَّ عَذَابِي لَشَدِيدٌ ٧
Ва из тааззана Раббукум ла ин шакартум ла азӣданнакум ва лаин кафартум инна ъазабӣ ла шадӣд. 7.
7. Ва (ёд кунед) он вақтеро, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, зиёда диҳам шуморо ва агар носипосӣ кунед, ҳаройина, азоби Ман сахт аст».
Дар ин оят Мӯсо (а) бо қасам сухани худро таъкид карда, қавми худро ёдрасон намуда гуфт, ки эй қавми ман! Ба хотир биёред ва сухани Парвардигори хешро бишнавед ва дуруст дарёбед, ки агар неъматҳои ёдшударо сипосгузорӣ кунед, Худованд онҳоро боз афзоиш медиҳад. Ва агар шукри онҳоро ба ҷо наоред, бе шак, азобу ҷазои Худованд сахт аст. Оре! Агарчи ояти мазкур бар бани Исроил нигаронида шуда бошад ҳам, ҳукми ом дорад ва барои мо мусалмонон як дарси ибратангез аст. Дар мазмуни ин оят ҳадисе аз Расули акрам (с) омадааст: “Гадое ба назди Расулуллоҳ (с) омад. Расулуллоҳ (с) ба ӯ хурмое доданд, ӯ нагирифт. Гадои дигаре омад. Ба вай низ хурмое марҳамат карданд, ӯ гирифту гуфт: «Субҳоналлоҳ, алҳамду лиллоҳ, хурмое аз Расули Аллоҳ ба ман табаррукан расид». Расулуллоҳ (с) ба ҷория (духтараки хурдсол) амр карда гуфтанд: “Чиҳил дирҳам назди Умми Салама (ҳамсарашон) аст. Ба он гадои шукркунанда бидеҳ!” Ин аст натиҷаи шукр гуфтан.
Дар давоми сухани худ Мӯсо (а) ба қавме, ки шукронаро ба ҷой наоварданд, ҳақиқати корро фаҳмонид…
Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «