Сураи Ихлос Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ихлос Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ихлос Ояти 2

اَللّٰهُ الصَّمَدُ‌ ٢

Аллоҳу-с-Самад. 2.

2. Худои бениёз аст.

Худованд ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нест. Аммо махлуқот бошанд, доимо ба Аллоҳтаъоло мӯҳтоҷанд. Самад гуфта, зотеро гӯянд, ки дигар болои Ӯ ҳеҷ кас ва ҳеҷ махлуқ бузург ва фармонраво набошад. Ҳама халоиқ барои ҳуҷҷатҳои худ ва иҷро намудани корҳояшон ба Ӯ таъоло муҳтоҷанд. Ӯ чунин Зотест, ки аз гуруснагӣ, ташнагӣ ва умуман аз тамоми сифатҳои махлуқон пок буда, баъди фанои тамоми махлуқот боқӣ ва поянда аст. Аз сифати самадии Аллоҳтаъоло ақидаи он ҷоҳилон рад мешавад, ки ғайри Ӯ таъоло дигареро дар олам соҳибихтиёр медонанд, Ӯ таъоло:..


Рӯйхати оятҳои Сураи Ихлос «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ихлос Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ихлос Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)