Тафсири Сураи Ихлос Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ихлос Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
قُلۡ هُوَ اللّٰهُ اَحَدٌ ١
Қул Ҳуваллоҳу Аҳад. 1.
1. Бигӯ (эй Муҳаммад дар посух ба мушрикон): «Ӯ Худои ягона аст.
Яъне, эй Муҳаммад (с), мушрикон қасди масхара карданро доранд ва аз ту мепурсанд, ки Худои ту аз чӣ чиз сохта шудааст? Ба онҳо бигӯ, ки Парвардигоре, ки ман ӯро ибодат мекунам, дар зоту сифот ва феълҳои (амалҳои) худ Воҳид асту бешарик, беназир асту бемонанд ва ҳеҷ махлуқ ба зоти Худованди таъоло монандӣ надорад.
На мисли эътиқоди мушриконаи шумо, ки якчанд ададро илоҳ мегӯед. На мисли эътиқоди насоро, ки Худоро ба падару писар ва Рӯҳулқудс ҷудо кардаанд.
Худои ман ягона аст, Ӯро дуе нест. Ӯ воҳид аст. Ӯро шарике нест. Ӯ воҳид аст, тақсиму тарҳ намешавад. Дар Қуръони азимушшаън далелҳо ва бурҳонҳои қотеъ барои ваҳдонияти Аллоҳтаъоло бисёр аст. Узран мо ба ҳамин кифоя кардем.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ихлос «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «