Тафсири Сураи Инфитор Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Инфитор Ояти 19
يَوۡمَ لَا تَمۡلِكُ نَفۡسٌ لِّنَفۡسٍ شَيۡـــًٔا ؕ وَالۡاَمۡرُ يَوۡمَٮِٕذٍ لِّلَّهِ ١٩
Явма ла тамлику нафсу-л ли нафсин шай-а. Ва-л-амру явмаизи-л лиллаҳ. 19.
19. Рӯзест, ки ҳеҷ касе касеро манфиат расонида натавонад. Ва дар он рӯз фармон аз они Худост.
Чи қадар диққат диҳем ҳам, ба таври бояду шояд чигунагии он рӯзи ҳавлнокро дарёфта наметавонем. Ҳамин қадар бидонед, ки дар он рӯз ҳеҷ кас ба каси дигар манфиате ё ёрие расонида наметавонад, гарчанде ки онҳоро риштаи дӯстӣ ва хешутаборӣ пайванд созад.
Зорию тавалло ва пора додан ба кор наояд. Он рӯз дигар шоҳ ба тобеъонаш, волидайн (падару модар) ба фарзандонаш ва бой бар хизматгораш мисли дар дунё, ҳукм карда наметавонад. Дар он ҷо ҷуз шоҳаншоҳи мутлақ (Аллоҳ) дар дасти дигаре ҳукм ва тасарруф набошад. Дар он ҷо ва дар он рӯз фақат як ҳукм, “Адолат” ҳукм меронад ва ҳамаро фақат як Зот ҳал мекунад: “Молики рӯзи ҷазо” Аллоҳи бузург. Ҳеҷ кас наметавонад ва қудрат надорат, ки бо Ӯ таъоло эътироз намояд.
Худовандо, ҷумлаи муъминонро дар он рӯз аз раҳмату ҷамоли Худ ва аз дидору шафоати Пайғамбари бар ҳаққат ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), бенасиб нагардон. Омин!
Поёни сураи “Инфитор” Валиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Инфитор «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «