Сураи Иншиқоқ Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иншикок Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иншиқоқ Ояти 13

اِنَّهٗ كَانَ فِىۡۤ اَهۡلِهٖ مَسۡرُوۡرًا ١٣

Иннаҳу кана фи аҳлиҳӣ масруро. 13.

13. Ба дурустӣ, ки ӯ дар дунё бо аҳли худ шодмон зиста буд.

Ашхоси номбурда дар вақти зиндагии худ дар дунё аз тарси Худованду рӯзи қиёмат ғофил буданд. Аз ҳисобу китобу азоби Дӯзах бехабар ва бо аҳли хонаводаву наздикони худ хурраму хурсанд буданд. Лаҳзае андеша намекарданд, ки фардо рӯзи қиёмат барои ин ғафлати худ ва корҳои ношоистаи худ чӣ ҷавоб мегуфта бошанд? Албатта, ғафлатзадагон дар охират бадбахтанд, лекин фармонбардорони амри Аллоҳтаъоло хушбахтанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Иншиқоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иншиқоқ Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иншиқоқ Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)