Тафсири Сураи Иншикок Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иншиқоқ Ояти 25
اِلَّا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ لَهُمۡ اَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُوۡنٍ ٢٥
Илла-л-лазӣна аману ва ъамилу-с-салиҳати лаҳум аҷрун ғайру мамнун. 25.
25. Магар ононе ки имон овардаанд ва амалҳои шоиста кардаанд, онҳорост музди бепоён.
Албатта, барои шахсоне, ки ба Худо, ва ба Расули Ӯ (с), ба китоби Ӯ имон оварданд ва ба фармудаи онҳо, амал намудаанд, аҷру савоби беинтиҳо аст. Вале таъкид ба маврид аст, ки бо тоъату ибодати худ мағрур набояд шуд. Фазлу карами Худо дар ихтиёри худи Ӯ таъоло аст. Ба касе хоҳад фазлу лутф мекунад. Дар рӯзи қиёмат Ӯ танҳо худаш фармонравоӣ мекунад.
Ҳолати касе, ки аз фармони Худову Расул (с)-у китоби Ӯ сар мепечад, намоз намехонад, рӯза намегирад, закот намедиҳад, мардумозорӣ мекунад ва дигар гуноҳҳоро мекунад, аммо мегӯяд: “Худованд бахшандаву меҳрубон аст, гуноҳҳоямро мебахшад ва ман аз Худо метарсам”, ҷуз аблаҳӣ ва ғурур чизи дигаре нест.
Бад мекунию нек тамаъ медорӣ,
Ҳам бад бошад сазои бадкирдорӣ.
Бо ин ки Худованд карим асту раҳим
Гандум надиҳад бор чу ҷав мекорӣ.
(Ҷ.Румӣ)
Ҳазрати Оиша (р) мегӯяд, ки Расулуллоҳ (с) дар баъзе намозҳояш мегуфт: “Аллоҳумма ҳосибни ҳисобан ясиро”.
“Эй боритаъоло, ҳисоб гир маро, ҳисоби осон.” Чун Расулаллаҳ (с) аз намоз хориҷ мешуданд мепурсидам, ки ё Расулаллоҳ ҳисоби осон чист? Гуфтанд: “Дар китоби касе нигоҳ мекунанду ӯро во мегузоранд. Агар дар номаи аъмоли касе муноқиша шавад ӯ ҳалок мешавад.”
Анҷоми сураи “Иншиқоқ”. Валиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Иншиқоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «