Сураи Инсон Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Инсон Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Инсон Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

هَلۡ اَتٰى عَلَى الۡاِنۡسَانِ حِيۡنٌ مِّنَ الدَّهۡرِ لَمۡ يَكُنۡ شَيۡـٴً۬ـا مَّذۡكُوۡرًا ١

Ҳал ата ъала-л-инсани ҳӣну-м мина-д-даҳри лам якун шай-а-м мазкуро. 1.

1. Батаҳқиқ, бар инсон муддате аз замон омада аст, ки ӯ чизи зикршуда набуд.

Дар ҳақиқат аз замоне, ки инсон арзи вуҷуд надошту аз тарафи Аллоҳтаъоло офарида шуд, вақти тӯлонӣ гузашт. Вале, замоне буд Замин аз инсон холӣ, аз он ягон хабаре набуд ва ба ёди ҳеҷ махлуқ ҳам намерасид ва тасаввур карда ҳам наметавонист, ки рӯзе Аллоҳтаъоло махлуқе бо номи инсон халқ хоҳад кард. Зеро илму иродаи Худоро танҳо худаш медонад. Пас Аллоҳтаъоло ба қудрати холиқияти хоси Худ Одамро бе падару модар офарид. Ба ӯ беҳтарин суратро ато кард ва дар миёни тамоми махлуқот вайро баландмартаба гардонид.

Ин оят барои ҳар як инсон хитоб аст, ки ба гузаштаи дури хеш, масалан 100 сол пеш назари аниқ андозад ва андеша кунад, ки то офарида шуданаш дар куҷо буд, оё аз ӯ касе ёддовар мешуд? Ва билохира аз тарафи кӣ ва чӣ сон ба дунё омад? Ҷавоб ба ин суол дар боло дода шуд, ки дар хотири ҳеҷ кас набуд.

Дар ривояте омадааст: Қабл аз он, ки ҷон ба колбади (қолаб) инсон ворид карда шавад, ҷасад ё лой ё хоки беҷони ӯ байни Макка ва Тоиф тайи 40 сол хобида буд. Дар он ҳангом ҳеҷ махлуқ ӯро инсон гуфта наметавонист ва ба ёдаш ҳам намеомад. Пас Офаридгор ба ӯ ҷон ато кард ва аввалин инсони рӯйи Замин ҳазрати Одам сафийюллоҳро ба дунё овард. Аз паҳлӯи чапи Одам (а) Момоҳавворо халқ кард. Ба онҳо ва авлоди онҳо неъматҳои фаровон инъом намуд. Чун инсонро Аллоҳтаъоло ақлу ҳуш дода буд ба ӯ унсури шаръӣ муайян кард, то вайро дар зиндагии ин дунёяш мавриди санҷишу имтиҳон қарор бидиҳад бас гуфт…


Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Инсон – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Инсон Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)