Тафсири Сураи Инсон Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Инсон Ояти 2
اِنَّا خَلَقۡنَا الۡاِنۡسَانَ مِنۡ نُّطۡفَةٍ اَمۡشَاجٍۖ نَّبۡتَلِيۡهِ فَجَعَلۡنٰهُ سَمِيۡعًۢا بَصِيۡرًا ٢
Инна халақна-л-инсана мин нутфатин амшаҷи-н-набталӣҳи фа ҷаъалнаҳу самӣъан басӣро. 2.
2. Албатта, Мо инсонро аз нутфаи дарҳам омехта халқ кардем, ӯро офаридем то аз ӯ имтиҳон гирем, пас, ӯро шунаванда ва бинанда гардонидем.
Худованди мутаъол мегӯяд, ки Мо инсонро аз оби шаҳвати ба ҳам омехтаи падару модараш халқ кардем. Пас ба ӯ ақлу ҳушу шунавоию биноӣ додем то ӯро имтиҳон кунем.
Аз ин ояти карима рӯшан мегардад, ки Аллоҳтаъоло инсонро беҳуда халқ накардааст. Балки барои ӯ дар аввал шариъатро муайян намуда, тибқи он зоҳиран имтиҳон муқаррар намуда, мебинад, ки инсони офаридааш аз Ӯ итоат мекунад ва тибқи шариат амал менамояд ё не? Аз он ҷумла Худованд барои махлуқи худ мусибатҳои зиёде пешбинӣ кардааст мебинад, ки бандааш сабр меварзад ё на? Ба ҳамин хотир ҳар як қадаму амали инсон зери назорат ва ҳама рӯз дар имтиҳони илоҳӣ аст. Тавре дар боло гуфтем Аллоҳтаъоло барои инсон ақлу шунавоию биноиро беҳуда надодааст, балки мурод аз ин неъматҳо ин буда, ки инсон ба василаи онҳо ҳақро аз ботил ҷудо кунад ҳамаро тамиз кунад то ғариқи баҳри залолат ва ҷаҳолат нагардад, балки дар роҳи дарёфти маърифат, ҳидоят, талаби илм ва ризои Худо саъйи балиғ намуда, ҳамеша дар ҳаракат бошад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «