Тафсири Сураи Инсон – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Инсон 76-ум сураи Қуръон буда, дар Мадина нозил шуда аз 31 оят иборат аст.
Сураи мазкур дар ҷузъи 29-уми Қуръон ягона сураест, ки дар Мадина нозил шудааст. Дигар ҳамаи сураҳои боқимондаи ин пора дар Маккаи мукаррама ба расули Худо (с) ваҳй гардидаанд. Чун сураи қаблӣ баён аҳволи рӯзи қиёмат дар ин сура низ мавқеи махсус дорад.
Саволе ба миён меояд, ки чаро масъалаи аҳволи рӯзи қиёмат дар китоби Худо дар ҳар як сура қариб такрор мегардад? Ҷавоб аввал ин аст, ки иродаи Худоро худаш медонад. Сониян мо даъвои ҷилва додани илми хеш надошта ва худро доно ҳам наметарошем, зеро бар ҳама чиз Худо донотар аст, вале бо ақлу фаросате, ки он Зоти пок бар мо насиб кардааст пеш аз мо муфассирони узом, уламои воломақом дарёфтаанд ва мо ҳам аз онҳо ҷонибдорӣ мекунем, ки ин такрори пайи дар пайи ба хотири бовар кунонидани бандаҳои саркаш будааст, ки шояд аз таъкиди зиёд қалбҳои аз ҷаҳолат чун санг гардидаи онҳо нарм гардаду ба худ оянд ва ҳақро аз ботил ҷудо карда тавонанд. Бубинед агар ба касе ягон кори муҳиммеро супориш бидиҳед гаштаю баргашта ба ӯ мефаҳмонед, ки ҳатман ҳамин амрро иҷро кун!
Боз аз ёдат набарорӣ! Бо гузаштани лаҳзае боз аз он супориш ёдрасаш мекунед ва ҳоказо. Монанди ҳамин он масъалаҳое, ки дар китоби Худо батакрор таъкид мегарданд, аз ҷумлаи муҳимтарин ва умдатарин паҳлуҳои дини ростини Исломанд. Гузашта аз ин, Аллоҳтаъоло бар ҳама чиз воқифу огоҳу бохабар аст. Чун якравии мушрикони Макка дар инкори китоби Худо, рисолати расули Худо (с), баъс, омадани қиёмат ва дигару дигар торафт зиёдтар мегашт, Аллоҳтаъоло ҳамон андоза бар Расулаш (с) ваҳй мефиристод, ки онҳоро ба сӯйи дини ҳаққ гаштаю баргашта талқин кун, шояд ба худ оянд. Аз ҷониби дигар ин таъкид аз он ҷиҳат аст, ки Аллоҳтаъоло бе бурҳону ҳуҷҷату далел бандаашро ба аҳли суъадо (накукорон) ё тоифаи ашқиё (бадкорон) буданаш ҳукм намекунад. Такрори ин гуна масъалаҳо дар Қуръон аз сӯйи Худованд барои муттаҳам сохтани фуҷҷор (гунаҳкорон) дар рӯзи қиёмат худ як ҳуҷҷат аст.
Аллоҳ таъоло дар он рӯз ба онҳо хоҳад гуфт: “Оё Мо дар Қуръоне, ки ба расуламон Муҳаммад (с) нозил намудем ва барои зиндагии шумо дастуре буд, гаштаю баргашта такрор накардем, ки қиёмат омаданисту баъсу нушур ҳаққ аст ва ҳисоби аъмол ҳатман сурат мегирад!? Ту аз ин таъкидҳои Мо панд набардоштӣ, мутаассир нагаштӣ? Балки саркашӣ кардию аз пайи ҳавойи нафси хеш рафтӣ? Боз туро ҳушдор додем, ки бозгашти ояндаи ту ба сӯйи Мост, вале инро ҳам инкор кардӣ. Акнун, ки аз фармони Мо сар кашидӣ ҷазои ту нори ҷонсӯзи Ҷаҳаннам аст”… Аз он рӯзҳое, ки Қуръони азимушшаън ба Пайғамбари охируззамон нозил гардид наздик зиёда аз 14 қарн паси сар шуд. Ислом ба саросари олам доман паҳн кард.
Ҳатто имрӯзҳо ҳам мушоҳида мегардад, ки дар кишварҳои мухталиф афроди гуногуннажод ба ҳидояти илоҳӣ муваффақ гардида, ба дини мубини Ислом гаравидаанд. Ҳамзамон мушоҳида мегардад, ки баъзе соҳибони ин дини ростин то андозае аз он дур гаштаанд. Афсӯс, ки имрӯзҳо на ҳама бародарҳои муъмин ва хоҳарони муъмина дар фикри охират ва тадоруки он ҳастанд. Ба андешаи мо ривоҷ ёфтани фисқу фуҷур, рӯз то рӯз афзоиш ёфтани ҷиноят аз қабили дуздӣ, одамкушӣ, рибохорӣ, ҳаққи мардумхурӣ дар бозорҳо ва ғайра дар ҳамин аст, ки қиёмату охират аз ёдҳо фаромӯш гаштааст. Агар ҳар як фард аз маърифати илоҳӣ бонасиб мебуд, хуб медонист, ки охират омаданист ва ҳам огоҳ мебуд, ки дар он рӯз барои ҳар як амал пеши Офаридгор ҷавоб хоҳад гуфт.
Вале инсонҳо он қадар ба ҳубби дунё дода шудаанд, ки танҳо дар андешаи манфиатҳои шахсии хеш буда ба хоҳишоти нафсонии худ ғарқ гаштаанд. Шуғли дунё то ҳадде инсонро ғуломи худ гардонидааст, ки амонат будани умрашро аз хотир баровардааст. Ҳол он ки Аллоҳтаъоло умри ӯро бо ҳисоби соату дақиқаву сонияи муайян дода аст. Ба фаҳми ин нарафта боз худро соҳибмаърифат меҳисобад, аммо ҳақиқати талх ин аст, ки ин маърифат набуда, балки ҷаҳолат аст! Маърифати ҳақиқӣро дар ҳар як ояти Қуръон бояд омӯхт. Зеро ки Қуръон ба маънои томаш китоби инсонсоз аст. Барои соҳиб шудан ба саодати дорайн зарур аст ҳар як фард худаш Қуръонро биёмӯзад.
Таъкидан мегӯем бо шунидан аз дигарон набояд қонеъ шуд, зеро таъсири шунидан дигарасту таъсири хондан дигар. Ва ҳам бо худ омӯхтан набояд қаноат варзид, балки Қуръонро ба аҳлу байти хеш омӯхтан зарур аст. Дар ин мазмун Аллоҳтаъоло дар Қуръони маҷиди худ фармудааст: “Эй зотоне ки имон овардаед, худ ва аҳлу аёлатонро аз оташи Дӯзах нигоҳ доред” (Сураи. Таҳрим, Ояти. 6). Аз ин хитобаи Ӯ таъоло бармеояд, ки пайвандон ба даъвати ҳамдигар барои риояи амру наҳйи Аллоҳтаъоло бояд ҳамеша машғул бошанд. Ин буд назари кӯтоҳе ба мундириҷаи сураи “Инсон.”
Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «