Тафсири Сураи Инсон Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Инсон Ояти 3
اِنَّا هَدَيۡنٰهُ السَّبِيۡلَ اِمَّا شَاكِرًا وَّاِمَّا كَفُوۡرًا ٣
Инна ҳадайнаҳу-с-сабӣла имма шокира-в ва имма кафуро. 3.
3. Албатта, Мо инсонро ба роҳе ҳидоят кардем, хоҳ шукркунанда аст ё куфронкунанда.
Дар ин оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки Мо бо фиристодани расул ва китоб роҳи ҳидоят, залолат ва хайру шарро ба бандаҳо баён кардаем. Барои ӯ ақл додем ва озоду соҳибихтиёраш гузоштаем. Яъне пеши инсон ду роҳ гузошта шудааст яке роҳи ризои Худо ва дигар хилофи ризои Худо. Банда ихтиёр дорад, ки кадом роҳеро хоҳад интихоб намояд. Халқи касб аз Худованд бошад, ҳам аммо феъли касб аз банда аст. Агар роҳи муайянкардаи Худованд равад саодатманд аст, агар хилофи он амал намояд пас, бадбахт бошад. Агар Худо ӯро аз ҷумлаи суъадо (некбахтон) гардонад, дар охират аз ҷаннат ва фароғати он баҳравар шавад ва агар аз зумраи ашқиё (бадбахтон) бошад, пас, ҷаҳаннам ва даҳшати азоби он насибаш гардад. Дар оятҳои зер он ду роҳи ихтиёр кардаи инсон равшантар баён мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «