Сураи Инсон Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Инсон Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Инсон Ояти 23

اِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ الۡقُرۡاٰنَ تَنۡزِيۡلًا ٢٣

Инна наҳну наззална ъалайка-л-Қур-ана танзӣла. 23.

23. Ба дурустӣ ки Мо Худамон Қуръонро ба тадриҷ бар ту фуруд овардем.

Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки эй Муҳаммад (с) мо Қуръонро ба ту саҳифа-саҳифа фурӯд овардаем, ки ту мардумро аз ваъдау ваъид, тарғибу тарҳиби он панд бидиҳӣ. Албатта, ин Қуръон ҳаққ аст ва ваъдаҳояш низ ҳаққанд. Аз он чи мушрикон мегӯянд ту ҳабиби Ман (с) маҳзун мабош!

Тайи 23 сол оят-оят нозил шудани Қуръонро ояти мазкур ишора мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Инсон Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Инсон Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)