Тафсири Сураи Инсон Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Инсон Ояти 26
وَمِنَ الَّيۡلِ فَاسۡجُدۡ لَهٗ وَسَبِّحۡهُ لَيۡلًا طَوِيۡلًا ٢٦
Ва мина-л-лайли фасҷуд лаҳу ва саббиҳҳу лайлан тавӣла. 26.
26. Ва дар бахше аз шаб барои Ӯ намоз гузор ва вақти дарозии аз шаб Ӯро ба покӣ ёд кун.
Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки эй расули Ман, ту баъзе аз шабро дар намози таҳаҷҷуд гузарон ва Худои худро ба покию ягонагӣ бисёр ёд кун. Қисми зиёди аз шабро дар ибодати Аллоҳтаъоло паси сар кун.
Тавре дар ду ояти қабли ишора шуд, аввал Аллоҳтаъоло ба ҳабибаш (с) супориш дод, ки аввалу охири шаб ба ибодат машғул бош. Дар ояти дуюм ҳукм кард, ки баъзе аз шабро бо намоз гузарон ва билохира ҳукм намуд, ки қисми зиёди аз шабро сарфи ибодату зикри Худовандат намо. Аз ин оятҳои чунин хулоса, баровард, ки муносиби қудрату тоқат ҳар қадар бештар вақти худро ба тоату ибодати Парвардигор гузаронӣ ҳамон қадар ризои Аллоҳтаъолоро дармеёбӣ ва бар бадхоҳону душманонат иншоаллоҳ, нусрат меёбӣ.
Ояти мазкур ҳамчун тасаллӣ ва берун овардани расули Худо (с) аз навмедӣ ва ҳамчунин ҳушдор ба тоифаи фуҷҷор ва ибрату тарбия барои дигарон нозил шудааст. Валлоҳу аълам.
Худованди бар ҳама ашё донову тавоно бори дигар аҳволи фуҷҷорро дар ояти зер баён мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «