Сураи Инсон Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Инсон Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Инсон Ояти 27

اِنَّ هٰٓؤُلَاۤءِ يُحِبُّوۡنَ الۡعَاجِلَةَ وَيَذَرُوۡنَ وَرَآءَهُمۡ يَوۡمًا ثَقِيۡلًا‏ ٢٧

Инна ҳаулаи юҳиббуна-л-ъаҷилата ва язаруна вароаҳум явман сақӣла. 27.

27. Ҳамоно, ин ҷамоъат (куффор) дунёро дӯст медоранд ва рӯзи вазнинро паси пушт месозанд.

Кофирон тоифае ҳастанд, ки ин дунёи фониро аз ҳад зиёд дӯст медоранд. Муҳаббати онҳо ба дунё то андозаест, ки гумон мекунанд дар он ҷовидона боқӣ хоҳанд монд. Саргарми кори дунё шуда, он рӯзи бисёр сахту душворро, ки қиёмат аст аз ёд бурдаанд ва дар фикраш ҳам нестанд, гӯё, ки чунин рӯз нест ва нахоҳад омад.

Албатта, мазмуни оят маънои онро надорад, ки тарки дунё намуду гӯшанишиниро ихтиёр кард. Он шуғли ба дунё мазмум аст, ки инсон ба он чунон вобаста шудааст, ки он тоату ибодату зикре, ки шаръи шариф кори рӯзмарраи ҳар як инсон қарор додааст аз он ғофил монад! Бо ҳеҷ далел касе касеро аз шуғлу касби ҳалол барои бозёфтани нафақаи ҳалол манъ накардааст. Албатта, касби ҳалол он аст, ки дар он аҷр, савоб, ризои Аллоҳтаъоло, манфиъати худ ва халқи Худо чи дар дунё ва чи дар охират бошад на ин ки мазмум аст балки агар холис барои Аллоҳ бошад, ибодат аст. Дар ин масъала нукта бисёр аст. Аз он чи гуфта шуд хонандаи ҳушманд, Хулосаи даркорӣ бароварда метавонад. Агар ба ин қодир нест, ҳарчанд мо худ ба машварату насиҳат мӯҳтоҷем, ҷуръат карда барои манфати шумо мегӯем: “Барои дунёи фонӣ шуда охирати боқиро набояд бар бод дод! Коре бояд кард, ки манфиати ду дунё дар он бошад.”


Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Инсон Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Инсон Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)