Сураи Инсон Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Инсон Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Инсон Ояти 28

نَحۡنُ خَلَقۡنٰهُمۡ وَشَدَدۡنَاۤ اَسۡرَهُمۡ‌ۚ وَاِذَا شِئۡنَا بَدَّلۡنَاۤ اَمۡثَالَهُمۡ تَبۡدِيۡلًا ٢٨

Наҳну халақнаҳум ва шададна асраҳум. Ва иза шиъна баддална амсалаҳум табдӣла. 28.

28. Мо онҳоро офаридем ва рагу пайи пайванди онҳоро муҳкам кардем ва ҳар вақте бихоҳем, монанди онҳо қавмеро иваз меорем.

Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки Мо ба қудрату тавоноии худ инсонҳоро аз як қатра нутфаи волидайнашон халқ кардем.

Бо иродаву ҳикмати худ онҳоро беҳтарин шаклу сурат додем, устухону рагу пайванди онҳоро чунон ҷо ба ҷо гузоридем, ки ҳатто то охирин ҳуҷайраи асаби онҳоро ато кардаем ва биноию шунавоияшон ҳам додем. Модоме Мо онҳоро офаридем, пас ҳар вақто ҳалоки онҳоро ирода кунем ҳалокашон месозем ва бар ивази онҳо инсонҳои дигар халқ мекунем, ки аз Мо фармонбардор ва ба ибодати Мо машғул бошанд. Мо ба ин кор қодир ҳастем.


Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Инсон Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Инсон Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)