Тафсири Сураи Исро Ояти 108 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 108
وَيَقُولُونَ سُبْحَانَ رَبِّنَا إِنْ كَانَ وَعْدُ رَبِّنَا لَمَفْعُولًا ١٠٨
Ва яқулуна субҳана Раббина ин кана ваъду Раббина ла мафъула. 108.
108. Ва мегӯянд: «Пок аст Парвардигори мо, ҳаройина, ваъдаи Парвардигори мо шуданӣ аст!».
Донишмандони боинсофи аҳли китоб, чун Зайд Ибни Амру ибни Навфал, Варқа ибни Навфал, Абдуллоҳ ибни Салом ва монанди онҳо чун китобҳои пешинро хонда, ба ҳақиқати ваҳй ошноӣ доштанд, ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳи ҳақиқат буданд. Ҳамин ки тиловати Қуръонро мешуниданд, тасбеҳгӯён мегуфтанд, ки пок аст Парвардигори мо аз ҷамиъи айбу нуқсон. Ҳақиқат ҳамеша ғалаба хоҳад кард. Парвардигор муъминонро пирӯзӣ ваъда кардааст, он бе шакку шубҳа амалӣ хоҳад шуд. Худованд аз онҳо розӣ бод. Онҳо ин суханро фақат бо сухан ифода накарда, балки, чуноне ки ояти зер ишора кардааст, дар амал низ татбиқ карданд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «