Тафсири Сураи Исро Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 109
وَيَخِرُّونَ لِلْأَذْقَانِ يَبْكُونَ وَيَزِيدُهُمْ خُشُوعًا ۩ ١٠٩
Ва яхирруна лил азқани ябкуна ва язӣдуҳум хушуъа. 109.
109. Ва гирякунон бо рӯйҳои худ меафтанд ва онҳоро фурӯтанӣ меафзояд.
Он донишмандон чун қироъати Қуръонро мешуниданд, гирякунон барои Худо саҷда мекарданд ва оятҳои Қуръон ҳилм, фурӯтанӣ ва хоксории онҳоро меафзуд. Ҳосили маъно ин аст: Агар мушрикон ба Қуръону оятҳои он имон наоранд, асло наоранд. Шахсони аз онҳо беҳтару хубтар имон оварданд, ки онҳо донишманд буданд, китобҳои пешинро хондаанд, сифати Қуръону Пайғамбар (с)-ро аз он китобҳо мутолиъа кардаанд, ҳақиқати ваҳй ва аломатҳои пайғамбариро шинохтаанд, Ҳаққ ва ботилро аз ҳам ҷудо кардаанд. Ин се оят, (107, 108, 109) оятҳои саҷда буда, касе ин се оятро то охир хонад, ё аз касе шунавад, бар ӯ як саҷда воҷиб мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «