Тафсири Сураи Исро Ояти 110 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 110
قُلِ ادْعُوا اللَّهَ أَوِ ادْعُوا الرَّحْمَٰنَ ۖ أَيًّا مَا تَدْعُوا فَلَهُ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَىٰ ۚ وَلَا تَجْهَرْ بِصَلَاتِكَ وَلَا تُخَافِتْ بِهَا وَابْتَغِ بَيْنَ ذَٰلِكَ سَبِيلًا ١١٠
Қулидъуллоҳа авидъу-р-Раҳман. Аййа-м ма тадъу фалаҳу-л-асмау-л ҳусна. Ва ла таҷҳар би салатика ва ла тухафит биҳа вабтағи байна залика сабӣла. 110.
110. Бигӯ: «Худоро бихонед ё Раҳмонро бихонед, ҳар кадомеро, ки бихонед, хуб бошад. Пас, Худойрост номҳои нек». Ва намози худро бо овози баланд махон ва онро паст (ҳам) махон ва миёни ину он роҳе биҷӯй!
Сабаби нузули ояти мазкурро муфассирон бо ривояте аз Ибни Аббос (р) чунин гуфтаанд: «Рӯзе Расулуллоҳ (с) дар Макка намоз мехонданд, дар ҳолати дуъои худ гуфтанд: «Ё Аллоҳ! Ё Раҳмон!». Чун мушрикон ин дуъоро шуниданд дар ҳол гуфтанд: «Ба сӯйи ин марди соибӣ (бо ақидаи мушрикон аз дин гашта) бингаред, ки моро аз хондани ду Худо манъ мекунад, аммо худи ӯ ду Худоро мехонад!». Дар он асно Худованд ба Расули Худ (с) ояти мазкурро нозил карда дар он фармуд, ки ба он мушриконе, ки ба номҳои Худованд ошно нестанд бигӯ, ки номҳои поки Худованд бисёр аст. Агар ӯро бо исми Аллоҳ, ё бо исми Раҳмон ё бо кадом исмҳои неке нидо кунеду дуъо кунед, дуруст аст. Ҳеҷ эроду ишколе надорад. Агарчи номҳои Худованд бисёр ҳастанд ва ҳамаи онҳо ба сифатҳои беҳамтои Ӯ далолат мекунанд, локин зоти Ӯ якка аст. Дар ҳадиси саҳеҳ наваду нуҳ исмҳои неки Парвардигор зикр шудаанд.
Сабаби нозил шудани қисми дувуми ояти мазкурро низ аз Ибни Аббос (р) муфассирон чунин ривоят кардаанд: «Ин ҳукм замоне нозил шуд, ки дар Макка ҳама корҳои Расулулоҳ (с) дар сурати пинҳонӣ анҷом мешуд. Чун дар он вақт мушрикон садои қироъати Қуръонро мешуниданд, Қуръон ва касеро, ки онро нозил кардааст ва ҳамчунин касеро, ки онро барои мардум овардааст, дашном медоданд.” Пас, Парвардигор ба Расулуллоҳ (с) фармуд, ки агар ту намоз бихонӣ, на чунон бо садои баланд бихон, ки мушрикон шунаванду дашном диҳанд ва на чунон ба садои пасте бихон, ки ёронат қироъати туро нашунаванд.
Хулоса, дар намоз на баланд, на паст, балки миёна қироъат кун! Оре! Дар давраҳои аввали нузули оятҳои Қуръон, риъоя кардани чунин шартҳо лозим буд.
Ояти зер мисли оятҳои аввали ҳамин сура Худовандро мадҳ кардааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «