Сураи Исро Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 14

اقْرَأْ كِتَابَكَ كَفَىٰ بِنَفْسِكَ الْيَوْمَ عَلَيْكَ حَسِيبًا ١٤

Иқраъ китабака кафа би нафсика-л-явма ъалайка ҳасӣба. 14.

14. (Гӯем:) «Номаатро бихон, имрӯз нафси ту барои ҳисоб кардани худат бас аст».

Чун номаи амалҳоро, хоҳ аз росту хоҳ аз чап, ба дасти соҳибашон бидиҳанд, ба ӯ гуфта мешавад, ки имрӯз номаи аъмолатро худат бихон, худро ҳисобу китоб кун ин барои ту кофист. Дар он рӯз ҳар инсон бо нигаристан ба ин нома метавонад, ки натиҷа ва ҳосили кори худро бишносад ва онро ҳисобрасӣ кунад. Пас, ниёз ба касе, ки ӯро дар ин кор кӯмак намоянд, надорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)