Тафсири Сураи Исро Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 24
وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُلْ رَبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا ٢٤
ВахфиЗ лаҳума ҷанаҳа-з-зулли мина-р-раҳмати ва қу-р-Раббирҳамҳума кама Раббайанӣ сағӣро. 24.
24. Ва барояшон бозӯи тавозӯъро аз ҷиҳати меҳрубонӣ паст кун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чуноне ки маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!».
Дар ҳузури падару модар худро хоксор гирифтан аз одобҳои писандида аст. Агар инсон ҳама меҳру муҳаббати худро бо хоксорӣ пойандози онҳо кунад ҳам, кам аст. Худованд дар ин оят мавзӯи ояти қаблиро идома дода фармудааст, ки боли муҳаббат ва меҳру шафқатро бар онҳо бигустарон, нисбат ба онҳо фурӯтан, сарбазеру ботавозӯъ бош. Дар охир Худованд мефармояд, ки дар ҳаққи онҳо (яъне падару модар, хоҳ зинда бошанд ва хоҳ вафот карда бошанд) ба дуъои хайр бипардоз ва дар дуъо бигӯ, ки Худоё! Раҳмати беҳад ва беҳисоби худро ба волидайни ман ато фармо, ҳамон тавре ки онҳо нисбат ба ман раҳм карданд ва маро дар хурдсолӣ парвариш доданд.
Хулоса: Дар оятҳои 23 ва 24-уми Худованд нисбати ҳурмати падару модар панҷ чизро амр кардааст:
1.Ба онҳо сухане магӯ, ки ҳатто камтарин маънои изо дошта бошад.
2.Ба онҳо сухани дурушт ва дағал магӯ.
3.Ба ҷои «уф» гуфтан ва фарёд кашидан ба онҳо сухани нарм ва лутфомез бигӯ.
4.Нисбат ба онҳо фурӯтан ва ботавозӯъ бош.
5.Ҳама вақт дар ҳаққи онҳо дар дуъо бигӯ, ки Худоё! Раҳмати беҳадду ҳисоби худро ба падару модари ман ато фармо, ҳамон тавре ки онҳо нисбат ба ман раҳм карданд ва маро дар хурдсолӣ парвариш доданд.
Дар бораи накӯӣ ба падару модар ҳадисҳои бисёре омадааст. Аз он ҷумла, бо ривояти Абуҳурайра ва Анас (р) омадааст, ки чун Расулуллоҳ (с) бар минбар баромаданд, фармуданд: «Омин! Омин! Омин!» Гуфта шуд: «Ё Расулаллоҳ! Барои чӣ се бор омин гуфтед?» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ҷибраил (а) назди ман омад ва гуфт: «Эй Муҳаммад! Хок бар бинии (сари) касе, ки номи шумо назди ӯ гуфта шавад ва ӯ бар шумо дуруд нафиристад, бигӯ Омин!» Ман гуфтам «Омин!» Он гоҳ гуфт: «Хок бар сару бинии касе, ки моҳи Рамазонро дармеёбаду он моҳ ба охир мерасад, аммо гуноҳҳояш омурзида намешавад, бигӯ Омин!». Ман гуфтам: «Омин!» Сипас гуфт: «Хок бар сару бинии касе, ки падару модарашро, ё яке аз онҳоро дармеёбаду аммо онон ӯро ба Биҳишт ворид намекунанд, бигӯ омин! Ман гуфтам: «Омин!»
Дар дигар ҳадис бо ривояти Молик ибни Рабиъа (р) омадааст, ки фармуданд: Марде аз ансор ба ҳузури Расулаллоҳ (с) ташриф оварда гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Оё пас аз марги волидайнам чизе аз некӣ барои онҳо бар зиммаи ман боқӣ мондааст, то онро дар ҳаққашон ба ҷо орам?» Пайғамбар (с) фармуданд: «Оре! Чаҳор чиз боқӣ мондааст: Дуъо кардан (барои онҳо омурзиш хостан), аҳду паймони онҳоро иҷро кардан, дӯстони онҳоро гиромӣ доштану ба онҳо пайвастан ва силаи раҳме, ки аз ҷониби онҳост ба ҷо овардан.»
Дар ҳадиси дигар Ҳофиз Абу Бакр Баззор аз Бурайда (р) ва ӯ аз бобоҳои худ ривоят кардааст, ки инсоне буд, ки дар кифт модари худро гирифта, тавофи Каъбатуллоҳ мекард. Аз Пайғамбар (с) пурсид: «Ё Расулаллоҳ! Оё ҳаққи модарамро адо кардаам?» Пайғамбар (с) гуфтанд: «На! Ҳаққи як оҳи кашидаи ӯро (дар вақти вазъи ҳамл), ҳоло адо накардаӣ!»
Дар охири шарҳи оятҳои қаблӣ дуоъеро дар ҳаққи падару модар зикр мекунем, ки дар асоси маънои оятҳо ва ҳадисҳо тартиб дода шудаанд: Илоҳо, вақте ки ман заъифу нотавон будам, падару модарам дар тарбияи ман худро аз ҳеҷ гуна заҳмат боз надоштанд. Ҳар кадоми онҳо барои роҳат ва хушвақтии ман кӯшиш карданд ва аз офатҳо ва фалокатҳо маро нигоҳ доштанд. Борҳо барои ман ҳаёти худро дар хатар монданд. Имрӯз, ки вақти пирӣ ва нотавонии онҳо фаро расидааст, барои бузургдошти онҳо қодирам гардон. Агар аз ӯҳдаи хизмати онҳо баромада наметавонам, Худоё, аз ту масъалат дорам, ки чун онҳо ба пирӣ расидаанд (ё аз олам гузаштаанд) бар онҳо назари раҳмат кун ва гуноҳҳояшонро биёмурз. Ё Раҳиму, ё Ғафур… Ва саллаллоҳу таъоло ало Муҳаммадив ва олиҳӣ ва асҳобиҳӣ аҷмаъин». Ин чӣ хуб дуъоест барои зиёрати хоки падару модар!
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «