Сураи Исро Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 23

۞ وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا ۚ إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِنْدَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُلْ لَهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُلْ لَهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا ٢٣

۞ Ва қаЗа Раббука алла таъбуду илла иййаҳу ва би-л-валидайни иҳсана. Имма яблуғанна ъиндака-л-кибара аҳадуҳума ав килаҳума фа ла тақул-л-лаҳума уффи-в ва ла танҳарҳумв ва қул лаҳума қавлан карӣма. 23.

23. Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ибодат макунед магар Худашро ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед. Агар яке аз онҳо, ё ҳардуи онҳо назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, онҳоро «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухан некӯ бигӯ.

Дар ояти қаблӣ инсонҳо аз шарик овардан ба Худованд манъ шуда буданд. Ҳоло ояти мазкур хабар медиҳад, ки Парвардигорат қотеъона фармон додааст, ки танҳо Ӯро бипарастед ва ҳамчунин нисбат ба падару модар накӯкор бошед! Дар ин оят Худованд, баъд аз зикри масъалаи аслии исломӣ, ки тавҳид (Худоро якто парастидан) аст, масъалаи накӯӣ ба падару модарро гузошта аст. Муфассирон гуфтаанд, ки Ҳақ таъоло дар ин оят адаб ва эҳтироми падару модар ва рафтори нек бо онҳоро бо ибодати Худ васл намуд ва воҷиб (фарз) қарор дод. Яъне пас аз ибодати Худованд, итоати падару модар аз ҳама чиз муҳимтар аст. Зеро сабаби зоҳирии вуҷуд ва тарбияи инсонанд. Худованд дар давоми оят фармудааст, ки ҳар гоҳ яке аз он ду, ё ҳардуи онҳо назди ту ба синни кӯҳансолӣ ва ниёзмандӣ бирасанд ва ба нигоҳубини ту эҳтиёҷ дошта бошанд, дар ҳаққи онҳо муҳаббатро дареғ мадор ва камтарини беҳурматиро ба онҳо раво мабин! Ҳатто сабуктарин калимае, ки сабаби ранҷи онҳо «уф» (изҳори нороҳатӣ) аст, ба онҳо магӯ ва ба сари онҳо бо садои баланд бонг мазан. Балки бузургӣ ва ҳурмати онҳоро андеша кун, ба онҳо суханҳои санҷидаву мулоим ва неку меҳрангез бигӯ! Ояти зер ин мавзӯъро пай мегирад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)