Тафсири Сураи Исро Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 25
رَبُّكُمْ أَعْلَمُ بِمَا فِي نُفُوسِكُمْ ۚ إِنْ تَكُونُوا صَالِحِينَ فَإِنَّهُ كَانَ لِلْأَوَّابِينَ غَفُورًا ٢٥
Раббукум аъламу би ма фӣ нуфусикум. Ин такуну салиҳӣна фа иннаҳу кана лил аввабӣна Ғафуро. 25.
25. Парвардигори шумо ба он чӣ дар замири шумост, донотар аст. Агар шоиста бошед, пас, албатта, Вай руҷӯъкунандагонро омурзанда аст.
Ин ақида саҳеҳ аст, ки ҳурмати волидайн ва фурӯтанию хоксорӣ назди онҳо ё дар ғоиби онҳо, дар сурате писанд аст, ки он аз самими қалб бошад. Локин гоҳо дар эҳтироми падару модар огоҳона ё ноогоҳона лағжишҳо пайдо шуданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, Худованд гуфтааст, ки Парвардигори шумо ба он чи дар дилу нияти шумост, аз шумо дида огоҳтараст. Агар бидуни қасд, аз инсон туғёну саркашӣ дар баробари фармони Худо дар эҳтироми падару модар сар занад ва ӯ фавран аз кардаи худ пушаймон шавад ва ба сӯйи Худованд бо тавбаву надомат боз гардад, Худованд тавбаашро мепазирад ва зери афви худ қарор медиҳад. Барои маълумоти бештар ба ояти 83-уми сураи «Бақара» ва ба ояти 36-уми сураи «Нисо» ва ба ояти 151-уми сураи «Анъом» муроҷиат шавад. Далолати ҳамаи ин оятҳо бар он аст, ки падару модар кофир бошанд ҳам, риъояи эҳтиромашон воҷиб аст. Танҳо дар ҳолатҳое, ки амри падару модар зидди ҳукмҳои шариати ислом бошад, иҷро накардани онҳо ҷоиз дониста шудааст. Аммо дар ин ҳолат ҳам нисбат ба падару модар рафтори дурушт ва беодобона иҷозат дода намешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «