Тафсири Сураи Исро Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 56
قُلِ ادْعُوا الَّذِينَ زَعَمْتُمْ مِنْ دُونِهِ فَلَا يَمْلِكُونَ كَشْفَ الضُّرِّ عَنْكُمْ وَلَا تَحْوِيلًا ٥٦
Қулидъу-л-лазӣна заъамтум-м мин дуниҳӣ фа ла ямликуна кашфа-З Зурри ъанкум ва ла таҳвӣла. 56.
56. Бигӯ: «Касонеро, ки шумо ба ғайри Худо дар ҳаққи онҳо улуҳиятро гумон доред, бихонед, пас, аз шумо на сахтиеро бардошта метавонанд ва на онро тағйир дода метавонанд».
Ояти мазкур идомаи баҳсҳое аст, ки дар оятҳои қаблӣ дар хусуси эътиқоди мушрикон гузашт. Дар он Худованд бори дигар ба Пайғамбари Худ (с) амр намудааст, ки ба он мушриконе, ки ба ихтиёри худ махлуқеро ба Аллоҳ шарик ҳисобиданду аз шафоъату ёрии он умедворанд, бигӯ, ки он чизҳое, ки (хоҳ ҷин, хоҳ бут, ё инс бошад) бо пиндори хеш шоистаи парастиш медонед, агар ба мушкилоте дучор шавед ва онҳоро барои фарёдрасии худ даъват кунед, метавонанд аз шумо он гирифториҳоро бартараф кунанд? Оё дар мушкилиҳоятон осонӣ пайдо карда метавонанд? Ҳаргиз наметавонанд! Онҳо на ба дафъи зиёне қодиранд ва на ба ҷалби фоидае. Зеро онҳо низ офаридаи Худованди Ягонаанд. Пас, ин сохтахудоҳои мушрикон чӣ гуна сазовори парастишанд? Ҳаргиз сазовори парастиш нестанд! Ин аст радди ақидаи ботили мушрикони бутпараст. Сабаби нузули ояти мазкурро аз Ибни Масъуд (р) ривоят кардаанд, ки ин оят барои касоне нозил шудааст, ки онҳо ба парастиши гурӯҳе аз ҷинҳо пардохта буданд. Пас, ҷинҳо мусалмон шуданд. Онҳо бошанд ҳамчунон ба ибодати ҷинҳо идома доданд. Ҳамоно буд, ки ояти мазкур нозил шуд. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «