Сураи Исро Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 55

وَرَبُّكَ أَعْلَمُ بِمَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۗ وَلَقَدْ فَضَّلْنَا بَعْضَ النَّبِيِّينَ عَلَىٰ بَعْضٍ ۖ وَآتَيْنَا دَاوُودَ زَبُورًا ٥٥

Ва Раббука аъламу би ман фи-с-самавати ва-л-арЗ. Ва лақад фаЗЗална баъЗа-н-набиййӣна ъала баъЗ. Ва атайна Давуда Забуро. 55.

55. Парвардигори ту ба ҳар кӣ дар осмонҳо ва ба ҳар кӣ дар Замин аст, донотар аст. Ва ҳаройина, баъзеи пайғамбаронро бар баъзе фазл додем ва Довудро «Забур» додем.

Ин оят хитоб ба Расулуллоҳ (с) буда, гуфта аст, ки Парвардигори ту на танҳо аз ҳоли шумо огоҳ аст, балки аз ҳоли ҳамаи онҳое, ки дар осмонҳо ва Замин ҳастанд, огоҳ аст. Онҳо ба чӣ шоистаанд ва дар тоъат ва маъсият кадом мартаба доранд огоҳтару донотар аст. Зеро илми Ӯ таъоло бе маҳдуд аст. Дар асоси чунин илми мутлақ Худованд гуфтааст, ки баъзе анбиёро бар баъзеашон фазлу бартарӣ додаем. Масалан: Иброҳим (а)-ро халили хеш хондем, Мӯсо (с)-ро Калимуллоҳ ва Исо (а) руҳуллоҳ. Ба Сулаймон (а) фармонравоии бузург бахшидем, Муҳаммад (с)-ро Ҳабибуллоҳ хондем ва сарвари ҳамаи пайғамбарон гардонидем. Ба баъзе аз онҳо китоб нозил намудем, барои баъзе нозил накардем. Барои баъзе аз онҳо муъҷизаҳои бузург ва барои баъзеашон муъҷизаҳои на он қадар бузург додем. Ингуна фарқгузорӣ барои чист, Худованд худаш медонад.

Намунаи дигари фазли баъзе аз пайғамбарон бар баъзе он аст, ки Худованд ба Довуд (а) китоби Забурро нозил кардааст, ки он мазомири Довуд номида мешавад. Тамоми он китоб аз мавъизаву зикрҳо саршор буд.

Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва Имом Муслим ҳадисе аз Расулуллоҳ (с) нақл шудааст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: «Анбиё (а)-ро бар якдигар бартарӣ надиҳед?». Ҳадиси мазкур ба маънои ояти мазкур зиддияте надорад. Ин амал дар сурате нодуруст аст, ки мақсад аз бартарӣ додан барои таъассуб бошад. Аммо барои баёни ҳақиқати амр бошад, чуноне ки дар ин оят ишора шуд, боке нест. Дар ояти зер амри дигаре аз ҷониби Парвардигор барои Расулуллоҳ (с) омадааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)