Сураи Исро Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 73

وَإِنْ كَادُوا لَيَفْتِنُونَكَ عَنِ الَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ لِتَفْتَرِيَ عَلَيْنَا غَيْرَهُ ۖ وَإِذًا لَاتَّخَذُوكَ خَلِيلًا ٧٣

Ва ин каду ла яфтинунака ъани-л-лазӣ авҳайна илайка ли тафтария ъалайна ғайраҳу ва иза-л латтахазука халӣла. 73.

73. Ва ҳамоно, наздик буданд, ки туро аз он чӣ ба сӯйи ту ваҳӣ фиристодем, ба фиреб боздоранд, то ғайри онро бар Мо дурӯғ барбандӣ ва он гоҳ туро дӯст мегирифтанд.

Оид ба сабаби нозилшавии ояти мазкур ривоятҳои мухталифе ба чашм мерасанд. Чун яке аз онҳо зикр шавад, ҳоҷат ба баёни дигар нест. Дар сабаби нозилшавии ояти таҳти назар саҳеҳтарини ривоятҳо ин аст, ки мушрикон ба Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Биё, ба бутҳои мо даст расон, (яъне онҳоро чун нишонаи эҳтиром бимол) таҳқири бобоҳои будпарасти моро бас кун, мо ба дини ту медароем!». Ҳамон буд, ки ин оят нозил шуда, ба Он ҳазрат (с) фармуд, ки наздик буд, ки фиреби мушрикон дар дили ту таъсир бигзорад ва аз он чи, ки Мо барои ту ваҳй фиристодем, рӯйи гардонӣ ва ғайри онро ба Мо нисбат диҳӣ, онгоҳ туро ба дӯстии худ пазиро шаванд.

Хулоса, Худованд Ҳабиби худ (с)-ро хотиррасон сохт, ки пазируфтани дархости мушрикон хилофи ҳукми Қуръон ва бӯҳтон бар Худои Субҳон аст. Агар хоҳишҳои онҳоро қабул кунӣ, онҳо бо ту дасти дӯсти ва самимият дароз мекунанд, локин онгоҳ аз дӯстии Ман хориҷ мешавӣ! Аммо Расулуллоҳ (с) ба онҳо гуфт: “Ба Худо қасам агар шумо Моҳро фуруд оварда, дар як кафи дасти ман ва Офтобро фуруд оварда, дар кафи дасти дигари ман бизгоред, ончиро Худованд ба ман амр кардаасту вазифа гузоштааст, ё ба камол мерасонам ва ё дар ин роҳ аз олам мегузарам.”

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд

Ё ҷон расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.

(Ҷомӣ)


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)