Тафсири Сураи Исро Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 95
قُلْ لَوْ كَانَ فِي الْأَرْضِ مَلَائِكَةٌ يَمْشُونَ مُطْمَئِنِّينَ لَنَزَّلْنَا عَلَيْهِمْ مِنَ السَّمَاءِ مَلَكًا رَسُولًا ٩٥
Қул лав кана фи-л арЗи малаикату-я ямшуна мутмаиннӣна ла наззална ъалайҳим-м мина-с-самаи малака-р-расула. 95.
95. Бигӯ: «Агар дар Замин фариштагон мебуданд, ки оромида роҳ мерафтанд, албатта, аз Осмон фариштаеро бар онҳо пайғамбар мефиристодем».
Худованд ба Расули Худ (с) фармуд, ба он мушрикон бигӯ, ки барои офаридаҳояш, чи чиз дуруст аст ва чи чиз лозим аст Офаридгор худаш хубтар медонад.
Агар сокинони Замин мисли инсон фариштагон мебуданду оромона роҳ мерафтанд, албатта, барои онҳо аз осмон аз ҷинси худашон пайғамбар мефиристодем. Аммо дар рӯйи Замин инсонҳо зиндагӣ мекунанд. Пас, ҳикмату раҳмати Парвардигор тақозои онро кардааст, ки барои камолоти башар бояд пайғамбар аз ҷинси худашон бошад. Зеро ҳар ҷинс бо ҷинси худ бештар унс мегирад ва беҳтар робита пайдо мекунанд. Агар билфарз барои башар пайғамбарашон аз ҷинси фариштагон мебуд, дар он сурат ҳам мушрикони баҳона ҷуста даъво мекарданд, ки мо башари оддӣ ҳастем, он чи фаришта (пайғамбар) мегӯяду мекунад, мо на гуфта метавонем ва на карда.
Бояд пайғамбари мо аз ҷинси худамон бошад!
Ояти зер барои мушрикон таҳдид аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «