Сураи Исро Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 96

قُلْ كَفَىٰ بِاللَّهِ شَهِيدًا بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ ۚ إِنَّهُ كَانَ بِعِبَادِهِ خَبِيرًا بَصِيرًا ٩٦

Қул кафа биллаҳи шаҳӣдан байнӣ ва байнакум. Иннаҳу кана би ъибадиҳӣ хабӣран басӣро. 96.

96. Бигӯ: «Худо аз рӯи гувоҳ будан миёни ман ва миёни шумо кофист! Ҳаройина, Вай ба ҳоли бандагони Худ донову биност».

Дар боло гузашт, ки мушрикон ба Расулуллоҳ (с) гуфтанд, ки Худо ва фариштагон бояд ҳозир шаванду пайғамбарии туро тасдиқ кунанд, баъд мо пайғамбар будани туро қабул мекунем. Ҳоло дар ин оят Худованд ба Расули Худ фармуд, ки ба он мушрикон бигӯ, ки ҳарчи аз тарафи Ӯ амр шуд, ба шумо расонидам. Шаҳодати ягон шоҳид аз шаҳодати Аллоҳ таъоло болотар нест. Барои Пайғамбар будани ман Худои худам шоҳидӣ додааст. Миёни ману шумо ҳамин шаҳодати Худованд кофист. Дигар ин ки Худованд зотест, ки аз ҳоли ҳамаи бандагони Худ огоҳ ва нисбати ҳама корашон биност. Кадом шахс шоистаи инъому эҳсону ҳидоят ва чӣ касе сазовори бадбахтию гумроҳист, Худованд медонад.

Ояти зер ин масъаларо эзоҳ додааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)