Сураи Ҷин Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Чин Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҷин Ояти 20

قُلۡ اِنَّمَاۤ اَدۡعُوۡا رَبِّىۡ وَلَاۤ اُشۡرِكُ بِهٖۤ اَحَدًا ٢٠

Қул иннама адъу Раббӣ ва ла ушрику биҳи аҳада. 20.

20. Бигӯ: «Ин аст, ғайри ин дигар чиз нест, ки ман Парвардигорамро ибодат мекунам ва ба Ӯ ҳеҷ касро шарик намеорам».

Ин хитоба ба расули Худо (с) шуда, тамоми мушрикони инсу ҷинро дар назар дорад, ки эй Муҳаммад (с), барои инҳо, ки талаби бозгаштани туро аз ин роҳ мекунанд, бигӯ, ки ман ба ғайри Худои ягона ҳеҷ чизро ҳаргиз ибодат намекунам ва ба Ӯ на бут, на санам ва на ҳеҷ чизро шарик намедонам. Ин аст роҳи ман!


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҷин Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҷин Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)