Тафсири Сураи Чин Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 19
وَّاَنَّهٗ لَمَّا قَامَ عَبۡدُ اللّٰهِ يَدۡعُوۡهُ كَادُوۡا يَكُوۡنُوۡنَ عَلَيۡهِ لِبَدًا ١٩
Ва аннаҳу ламма қома ъабдуллоҳи ядъуҳу каду якунуна ъалайҳи либада. 19.
19. Ва ба дурустӣ ки чун бандаи Худо бархост, ки Худоро ибодат кунад, қариб буда, ки бар он банда часпида шаванд.
Ҳангоме ки расули Худо (с) дар наздики Макка дар мавзеъи “Хоҷун” сураи ар-Раҳмонро қироъат мекард, ҷинҳо бори дуюм барои шунидани каломи Аллоҳ ҷамъ омаданд. Ба ривояте чандин ҳазор нафар буданд. Ҳирси шунидани Қуръон то андозае дар онҳо боло рафта буд, ки мисли ёлҳои асп болои ҳамдигар мебаромаданд то қироъатро хубтар шунаванд. Аз беқарорӣ қариб монд, ки ба расули Худо (с) бичаспанд.
Дар ривояти дигар омада, ки чун Расулуллоҳ (с) ба по хест ва гуфт: “Ло илоҳа илаллоҳ” ҷинҳо ба якдигар дар муқобили ин калима издиҳом кардаву ба шӯр омаданд. Мисли ёли асп пайи ҳам хестанд, то ки нури ин калимаро пушонанд. Аммо Худо инро нахост ва нури ин калимаро дар олами Ислом партавафшон кард ва тарафдорони ин калимаро нусрат дод.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «