Сураи Ҷин Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Чин Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҷин Ояти 22

قُلۡ اِنِّىۡ لَنۡ يُّجِيۡرَنِىۡ مِنَ اللّٰهِ اَحَدٌ ۙ وَّلَنۡ اَجِدَ مِنۡ دُوۡنِهٖ مُلۡتَحَدًا ٢٢

Қул иннӣ лан юҷӣранӣ миналлоҳи аҳаду-в ва лан аҷида мин дуниҳӣ мултаҳада. 22.

22. Бигӯ: «Ба дурустӣ ки ҳеҷ кас маро аз азоби Худо наҷот дода наметавонад ва ҳаргиз аз ғайри Ӯ паноҳгоҳе намеёбам,

Бигӯ, ки ман ҳам як бандаи хокиам. Агар ҷурму гуноҳе аз ман сар занад, Аллоҳтаъоло маро ҷазо медиҳад ва ин азобро касе аз ман дур карда наметавонад. Ман низ чун дигар инсонҳо аз ҳама бадиҳо ба Худои худ паноҳ мебарам. Ғайри Ӯ дигар додрасу фарёдрасе надорам. Он чи шумо мегӯед, ки аз роҳам боз гардам қабул карда наметавонам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҷин Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҷин Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)