Тафсири Сураи Чин Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 27
اِلَّا مَنِ ارۡتَضٰى مِنۡ رَّسُوۡلٍ فَاِنَّهٗ يَسۡلُكُ مِنۡۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَمِنۡ خَلۡفِهٖ رَصَدًا ٢٧
Илла маниртаЗо ми-р-расулин фа иннаҳу яслуку мин байни ядайҳи ва мин халфиҳӣ расада. 27.
27. Магар шахс (расуле)-ро, ки аз ӯ розӣ бошад. Пас, албатта, Ӯ аз пеши ӯ ва ҳам аз қафои ӯ фариштагони нигоҳбонро равон мекунад,
Аллоҳтаъоло ба тариқи истисно ба шахсе, ки ӯ расул аст ва аз нубувваташ розӣ аст, аз илми ғайбаш барои зоҳирсозии муъҷиза қадре, ки хоҳад хабардор мегардонад Ҳамчунин аз пешу қафои ӯ ба ҳайси посбон фариштагонро мусаллат мегардонад, ки расулашро аз ҷин ва ғайра муҳофизат намоянд. Аз ин оят маълум мегардад, ки париҳою фолбину ва дигар махлуқот илми ғайбро намедонанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «