Тафсири Сураи Чин Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 5
وَّاَنَّا ظَنَنَّاۤ اَنۡ لَّنۡ تَقُوۡلَ الۡاِنۡسُ وَالۡجِنُّ عَلَى اللّٰهِ كَذِبًا ٥
Ва анна зананна ал лан тақула-л-инсу ва-л-ҷинну ъалаллоҳи казиба. 5.
5. Ва ба дурустӣ ки мо гумон дошта будем, ки ҳаргиз инс ва ҷин дар шаъни Худо сухани дурӯғеро нагӯянд.
Мо то замони шунидани Қуръон мегӯянд ҷинҳо гумон доштем, ки ҳаргиз инсу ҷин дар ҳаққи Аллоҳтаъоло сухани дурӯғ намегӯянд. Акнун дарёфтем, ки он чи ба Худо мансуб медонистанд аз қабили зан, фарзанд ҳама дурӯғ буда ва роҳи ибодате, ки моро нишон доданд нодуруст ва эътиқоде, ки доштем фосид будааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «