Тафсири Сураи Чин Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 4
وَّ اَنَّهٗ كَانَ يَقُوۡلُ سَفِيۡهُنَا عَلَى اللّٰهِ شَطَطًا ٤
Ва аннаҳу кана яқулу сафӣҳуна ъалаллоҳи шатата. 4.
4. Ва ба дурустӣ ки беақлони мо дар шаъни Худо суханҳои ноҳақро мегуфтанд.
Боз ҷинҳо гуфтанд акнун мо фаҳмидем, ки аблаҳон ва ҷоҳилони мо дар сифати Ҳудованд суханҳое мегуфтанд, ки аз ҳақиқат дур, аз ҳадди эътидол берун ва ба ҷалолу сифоти зоташ нолоиқ, будааст. Онҳо буданд, ки моро фиреб карда ба Худо ҳар чизро шарик дониста мушрикамон сохтанд. Наъузубиллоҳ.
“Сафиҳ” ахмақ ё номе аз номҳои шайтонро гӯянд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «