Тафсири Сураи Чин Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 7
وَّاَنَّهُمۡ ظَنُّوۡا كَمَا ظَنَنۡتُمۡ اَنۡ لَّنۡ يَّبۡعَثَ اللّٰهُ اَحَدًا ٧
Ва аннаҳум занну кама занантум ал ла-й ябъасаллоҳу аҳада. 7.
7. Ва ба дурустӣ (ки) инсонҳо гумон карданд, чуноне ки шумо гумон кардед, Аллоҳ аҳадеро, ҳаргиз барнаангезад.
Муфассирини киром ин оятро ба ду тарз тафсиру шарҳу эзоҳ додаанд. Аввал як чизеро барои шумо хонандаи азиз хотирасон кунем, ки муфассирин калимаи “Лан ябъас”-ро ду хел маънидод кардаанд. Яке онро тавре дар тарҷумаи оят дидед “ҳаргиз барнахезонад Аллоҳтаъоло аҳадеро” гуфтаанд ва баъзе онро “Худованд дигар пайғамбар намефиристад” тафсир кардаанд. Ҳар ду тафсир ҳам қобили қабул аст.
а) Инсонҳои кофир мисли шумо ҷамоъаи ҷинҳо гумон карданд, ки Аллоҳтаъоло пас аз мурдан ягон касро аз сари нав зинда намегардонад (ё дигар пас аз ҳазрати Исо (а) паёмбар намефиристад).
б) Ҷинҳои кофир мисли шумо инсонҳо гумон кардаанд, ки Аллоҳтаъоло пас аз мурдан касеро аз нав зинда намегардонад (ё дигар паёмбар фиристода намешавад).
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «