Тафсири Сураи Чосиях Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷосияҳ Ояти 35
ذٰلِكُمۡ بِاَنَّكُمُ اتَّخَذۡتُمۡ اٰيٰتِ اللّٰهِ هُزُوًا وَّغَرَّتۡكُمُ الۡحَيٰوةُ الدُّنۡيَا ۚ فَالۡيَوۡمَ لَا يُخۡرَجُوۡنَ مِنۡهَا وَلَا هُمۡ يُسۡتَعۡتَبُوۡنَ ٣٥
Заликум би аннакуму-т-тахазтум айатиллаҳи ҳузува-в ва ғарраткуму-л ҳайату-д-дунйа. Фа-л явма ла юхраҷуна минҳа ва ла ҳум юстаътабун. 35.
35. Ин азоб ба сабаби он аст, ки шумо оёти Худоро ба масхара гирифта будед ва зиндагии дунё шуморо фирефта карда буд». Пас, имрӯз аз он берун карда нашаванд ва тавбаро аз онҳо талаб карда нашавад.
Ба шахсони номбурда гуфта шавад, ки шумо худро ба лаззатҳои дунё машғул сохтед. Шумо сухани Аллоҳ ва таблиғи Расули Ӯ (с)-ро шунидед, вале онро мазоҳу масхара кардед. Аз онҳо панд набардоштед. Шумо фирефтаи фиреби дунё гардидед. Ҳатто мегуфтед: “Ҷуз ин дунё дигар дунёе вуҷуд надорад, баъсу нушур нест”. Агар бандаи муъмине шуморо насиҳате мехонд, мегуфтед: «Монед! Бас будагист аз Қиёмат ҳарф задан.» Шумо ҳатто мурданро фаромӯшу барои фардои худ тӯшае омода накардед. Имрӯз ба ҷуз даромадан ба нори Ҷаҳаннам дигар чорае надоред. Шумо аз ин нор дигар берун намешавед ва аз шумо талаби узру тавба ҳам карда намешавад. Зеро вақти тавбаву надомат гузашт. Барои тавба кӯшиш шавад ҳам, суду манфиате надорад, акнун ин азобро ба сабаби он ақидаи ботилатон ҷазои шумо гардонидем!
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷосияҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «