Сураи Ҷосияҳ Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Чосиях Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҷосияҳ Ояти 34

وَقِيۡلَ الۡيَوۡمَ نَنۡسٰٮكُمۡ كَمَا نَسِيۡتُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هٰذَا وَمَاۡوٰٮكُمُ النَّارُ وَمَا لَـكُمۡ مِّنۡ نّٰصِرِيۡنَ ٣٤

Ва Қӣла-л-явма нансакум кама насӣтум лиқаа явмикум ҳаза ва маъвакуму-н-нару ва ма лакум-м мин-н-насирӣн. 34.

34. Ва гуфта шавад: «Имрӯз шуморо фаромӯш кунем, чуноне ки мулоқоти ин рӯзи худро фаромӯш карда будед ва ҷои шумо Дӯзах аст ва шуморо ҳеҷ нусратдиҳандае нест.

Шахсони номбурда вақто дар иҳотаи азоби Ҷаҳаннам Қарор мегиранд, ба онҳо (аз тарафи Аллоҳ таъоло ё фариштагони посбони Ҷаҳаннам) гуфта мешавад, мо имрӯз барои шумо муомилаи фаромӯшкунандагиро ихтиёр мекунем. Шуморо бо лутфу меҳрубонӣ навозиш намекунем. Гӯё шумо аз ёди мо фаромӯш шудаед. Чуноне ки шумо дар дунё рӯ ба рӯ шудани чунин рӯзро фаромӯш карда будед. Ҳатто охиратро аз ёд баровардед, умри худро дар ғафлат гузаронидед, барои чунин рӯзи бисёр даҳшатноку муҳим бо дастовезе, ки сабаби дараҷот ва халосии шумо шавад, наомадед. Ҳоло бошад, бар асари чунин фориғболӣ ва амалҳои анҷомдодаи бади худ барои шумо ба ҷуз нори сӯзони Ҷаҳаннам бошишгоҳи дигаре нест. Ҳеҷ Қувваи ёридиҳандае нест, ки шуморо аз ин азоби Аллоҳ наҷот диҳад!…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷосияҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҷосияҳ Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҷосияҳ Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)