Тафсири Сураи Кахф Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 104
الَّذِينَ ضَلَّ سَعْيُهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَهُمْ يَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ يُحْسِنُونَ صُنْعًا ١٠٤
Ал-лазӣна Залла саъюҳум фи-л ҳайпти-д-дунйа ва ҳум яҳсабуна аннаҳум юҳсинуна сунъа. 104.
104. Ин ҷамоъат ононеанд, ки саъйи онҳо дар зиндагонии дунё гум (табоҳ) шуд ва онҳо гумон мекунанд, ки аз рӯи амал некӯкорӣ мекунанд.
Зиёнкортарини мардум касонеанд, ки бо ақидаи нодуруст (ботил) тамоми кӯшиш ва фикру андешаи худро барои дарёфти зиндагии дунёи фонӣ сарф карда, мафтуну дилбохтаи роҳу равиши ботили хеш шуда, боз мепиндоранд, ки кори хуберо анҷом додаанду аз натиҷаи он дар охират бархурдор хоҳанд шуд. На! Онҳо зиёндидатарини мардуманд. Худо накунад, ки инсон асоси сармоя ва маънавиёти Худододи худро чун ақл, ҳуш, умр, ҷавонӣ, саломатӣ, ки маҳсули ҳамаи амалҳои инсон ба онҳо вобастааст, ройгон аз даст диҳад. Он ҷамоъат кадоманд ва ақидаи нодурусташон чӣ гуна аст? Ояти зер сифати асосии ин ҷамъиятро баён мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «