Сураи Каҳф Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Каҳф Ояти 105

أُولَٰئِكَ الَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِ رَبِّهِمْ وَلِقَائِهِ فَحَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فَلَا نُقِيمُ لَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَزْنًا ١٠٥

Улаика-л-лазӣна кафару би айати Раббиҳим ва лиқаиҳӣ фаҳабитат аъмалуҳум фа ла нуқӣму лаҳум явма-л-қийамати вазна. 105.

105. Ин ҷамоъа ононеанд, ки ба оятҳои Парвардигори хеш ва ба мулоқоти Ӯ кофир шуданд, пас, амалҳои онҳо нобуд шуд, пас, барои онҳо рӯзи қиёмат ҳеҷ вазне нахоҳем дод.

Ояти мазкур ақидаи нодурусти он гурӯҳеро, ки зикрашон дар оятҳои қаблӣ гузашт ва он асос ва решаи тамоми бадбахтиҳои онҳост, баён карда гуфтааст, ки онҳо касоне ҳастанд, ки ба оятҳои Парвардигорашон бовар накарданд, онҳоро инкор карданду кофир шуданд. Онҳо инчунин ба барпо шудани қиёмат бовар надоштанд. Дар натиҷа, ҳама амалҳои онҳо дар ҳамин дунё нобуд шуд ва барои қиёматашон ҳеҷ чиз боқӣ намонд. Мавъиза. Оятҳои қуръонӣ чашми шахси хирадмандро бино ва гӯши онро шунаво мекунанд. Пардаҳои ғурурро дар ҳам мерезанд. Онҳо ҳамчу нур инсонро аз торикиҳои ваҳму пиндори нодуруст, берун меоранд ва одамиро ба роҳи ҳақиқат равон месозанд. Касоне, ки ба оятҳои Қуръон бовар надоранд, онҳо инсонҳое ҳастанд, ки барпо шудани қиёмат ва марҳалаҳои онро низ инкор доранд. Инсон то бовар накунад, ки ҳама мавҷудоти олами ҳастӣ, аз он ҷумла, худи ӯро Худои якка ва ягона офаридааст ва агар иқрор накунанд, ки барпошавии қиёмат ҳақ аст ва дар он рӯз ҳама аз нав зинда гардонида мешаванд, набояд умед кунад, ки амалҳои некаш дар охират ба кор меоянд. Амалҳои чунин шахсон мисли хокистарест, дар гузаргоҳи боди тунд, ки бо вазидани он дар андак замон, осоре аз онҳо боқӣ намемонад. Ингуна амал дар рӯзи санҷиши амалҳо ҳеҷ вазне ҳам надорад. Дар ояти зер севумин омили бадбахтии онҳо зикр шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Каҳф Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 106 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)