Тафсири Сураи Кахф Ояти 108 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 108
خَالِدِينَ فِيهَا لَا يَبْغُونَ عَنْهَا حِوَلًا ١٠٨
Холидӣна фӣҳа ла ябғуна ъанҳа ҳивала. 108.
108. Дар он ҷо ҷовидон бошанд, аз он ҷо (ба дигар ҷой ҳаргиз) бозгаштанро наталабанд.
Аз оятҳои қаблӣ зиёнкортарини мардумро ба хубӣ дониста шуд. Ҳоло оятҳои зери назар дар бораи муъминону подоши онҳо дар охират хабар медиҳад, ки манзили пазироӣ ва меҳмоннавозии касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳро анҷом доданд «Ҷаннатул Фирдавс» аст. Ин боғҳои пур дарахт барои гиромидошти онҳо, қаблан омода шуда, иқоматгоҳи ҳамешагии онҳост. Онҳо асло ба ҷои дигар кӯчонида намешаванд. Аз боғҳои Фирдавс гиромитар ҷои дигаре барои онҳо нест, ҳар чизе, ки хоҳанд, дар он ҷо омодааст, дилашон майли дигар боғе намекунад. Дар ҳадиси шариф бо ривояти Имом Аҳмад ва Имом Тирмизӣ аз Убода ибни Сомит (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ҳамоно, дар Биҳишт сад дараҷа аст, ки фосилаи байни ҳар кадоми онҳо аз ҳамдигар монанди фосилаи миёни Осмону Замин аст. Баландтарин дараҷаи он Фирдавс аст, ки Арши Раҳмон болои ӯст. Рӯдхонаҳои чаҳоргонаи Биҳишт аз он ҷорӣ мешаванд. Ҳар гоҳе аз Худованд Биҳиштро пурсед, биҳишти Фирдавсро бихоҳед».
Хулоса, ҳар касе чунин мақомро мехоҳад, бояд худро соҳиби беҳтарин сифатҳои инсонӣ гардонад ва дар иҷрои солеҳтарин амалҳо бикӯшад. Онҳое, ки мегӯянд: «Худо кунад, ки мо ба Биҳишт роҳ ёбем, бигзор дар поёнтарин марҳалаи он бошем», шахсонеанд, ки аз ҳиммати баланди муъминони ростин баҳраи кофӣ надоранд. Баъди баёни сифати муъминон ва подоши амалҳои онҳо дар ояти зер сухан аз он меравад, ки инсон ҳарчи қадар илм дошта бошад ҳам, илми ӯ маҳдуд аст. Лекин илми Худованд маҳдуд нест.
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «