Сураи Каҳф Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Каҳф Ояти 81

فَأَرَدْنَا أَنْ يُبْدِلَهُمَا رَبُّهُمَا خَيْرًا مِنْهُ زَكَاةً وَأَقْرَبَ رُحْمًا ٨١

Фа арадна ая юбдилаҳума Раббуҳума хайра-м минҳу заката-в ва ақраба руҳма. 81.

81. Пас, хостем, ки Парвардигорашон аз рӯи покизагӣ аз вай беҳтар ва аз ҷиҳати шафқат наздиктар онҳоро иваз диҳад.

Хизр (а) ба суханаш изофа карда гуфт, ки мо хостем (яъне дуъо) кардем, ки Павардигорашон дар бадали ин фарзанди туғёнгар, фарзанди поктару бомуҳаббат, муъмину парҳезгор барои волидайни накӯкор ва бошафқат ато фармояд. Бо ривояти Имом Муслим дар ҳадиси шариф омадааст, ки он навҷавоне, ки Хизр (а) ӯро ба қатл расонид, табиъатан кофир буд. Агар ба воя мерасид, ӯ куфр меварзиду саркашӣ мекард падару модари худро ба куфр водор мекард. Дар дигар ҳадис омадааст: «Худованд ҳар намуд ҳукмеро дар ҳаққи бандаи Худ раво бинад, он албатта, барои ӯ хайр аст».


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Каҳф Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)