Тафсири Сураи Кахф Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 82
وَأَمَّا الْجِدَارُ فَكَانَ لِغُلَامَيْنِ يَتِيمَيْنِ فِي الْمَدِينَةِ وَكَانَ تَحْتَهُ كَنْزٌ لَهُمَا وَكَانَ أَبُوهُمَا صَالِحًا فَأَرَادَ رَبُّكَ أَنْ يَبْلُغَا أَشُدَّهُمَا وَيَسْتَخْرِجَا كَنْزَهُمَا رَحْمَةً مِنْ رَبِّكَ ۚ وَمَا فَعَلْتُهُ عَنْ أَمْرِي ۚ ذَٰلِكَ تَأْوِيلُ مَا لَمْ تَسْطِعْ عَلَيْهِ صَبْرًا ٨٢
Ва амма-л-ҷидару фа кана ли ғуламайни ятӣмайни фи-л-мадӣнати ва кана таҳтаҳу канзу-л лаҳума ва кана абуҳума солиҳан фа арода Раббука ая яблуға ашуддаҳума ва ястахриҷа канзаҳума раҳмата-м ми-р-Раббик. Ва ма фаъалтуҳу ъан амрӣ. залика таъвӣлу ма лам тастиъ-ъ-ъалайҳи сабро. 82.
82. Ва аммо девор, аз ду навҷавони ятим дар шаҳр буд ва зери он ганҷе аз онҳо буд ва падарашон некӯкор буд. Пас, Парвардигори ту хост, ки ин ду навҷавон ба ниҳояти қуввати хеш бирасанд ва ганҷи худро бароранд (ва ин) аз рӯи меҳрубонии Парвардигори ту аст ва ман онро аз раъйи худ накардам. Ин аст сирри он чӣ бар он сабр карда натавонистӣ!
Дар ояти мавриди назар омадааст, ки Хизр (а) аз сирри севум пардаро канор зад ва ба Мӯсо (а) гуфт, ки он девореро, ки каҷ гашта наздик ба афтодан буд, маъмур будам, ки ба хотири ду ятим онро таъмир кунам. Марди солеҳе, пеш аз он ки аз олам гузарад, зери он девор барои фарзандони худ ганҷеро ниҳон карда буд. Агар девор меафтид, он ганҷ намудор мешуд, мумкин буд, онро мардум тороҷ мекарданд. Баъди таъмири ман дигар ҳеҷ кас пай намебарад, ки зери он ганҷе ҳаст. Иродаи Парвардагор буд, ки бояд он ду ятим калон шаванд, ба балоғат расанду ганҷи худро аз таги он девор гиранд ва дар рӯзгори худ сарф кунанд. Ин аст меҳрубонии Парвардигори ту барои ин ятимҳо. Он корҳое, ки ман иҷро кардам, бо ихтиёри ман набуданд. Балки дастуре аз ҷониби Парвардигор буд. Ин аст сирри, он корҳое, ки ту дидӣ ва натавонистӣ сабр кунӣ! Ҷумҳури олимон бар он ақидаанд, ки Хизр (а) аз ин дунё чашм пӯшидааст. Онҳо ҳадиси шарифро далел оварданд, ки андак пеш аз гузаштанашон Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ин шабро хуб ба хотир доред, зеро дар сари ҳар сад сол баъди ин таърих, ҳеҷ касе ҳамакнун дар рӯйи Замин зинда намемонад». Қиссаи Мӯсо ва Хизр (а) бо аҷоибҳо ва ғароибҳои худ ба охир расид. Ҳоло қиссаи «Зулқарнайн» оғоз мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «