Тафсири Сураи Кахф Ояти 87 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 87
قَالَ أَمَّا مَنْ ظَلَمَ فَسَوْفَ نُعَذِّبُهُ ثُمَّ يُرَدُّ إِلَىٰ رَبِّهِ فَيُعَذِّبُهُ عَذَابًا نُكْرًا ٨٧
Қола амма ман залама фа савфа нуъаззибуҳу сумма юрадду ила Раббиҳӣ фа юъаззибуҳу ъазабан-н-нукра. 87.
87. Гуфт: «Аммо касе ситам кард, пас, ӯро азоб хоҳем кард, сипас, ба сӯйи Парвардигори хеш бозгардонида шавад, пас, ӯро азоби сахт кунад».
Аз сабабе, ки Зулқарнайн муъмин буд, барои бошандагони ғайримуъмини он диёр ҳукми одилона бароварда гуфт, ки касоне, ки ситам кардаанд, ба зудӣ дар дунё муҷозот хоҳам кард, сипас чун онҳо ба сӯи Парвардигор боз гардонида шаванд, Худованд онҳоро нисбат ба азоби дунё чандин карат азоби сахттар хоҳад кард. Дар баъзе тафсирҳо ба чашм мерасад, ки чун Худованд ба Зулқарнайн ихтиёр гузошт, дар посух гуфт, ки дар байни онҳо роҳи даъвати Ҳақро пеш мегирам. Касе, ки бар худ ситам варзаду дар ширку куфри худ пофишорӣ кунад ва даъвати маро напазирад, ӯро аз рӯйи Замин нест мекунем. Вақто ки ӯ ба сӯи Парвардигор боз гардонида шавад, азоби охират барои ӯ сахттар хоҳад буд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «