Сураи Каҳф Ояти 88 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф Ояти 88 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Каҳф Ояти 88

وَأَمَّا مَنْ آمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَلَهُ جَزَاءً الْحُسْنَىٰ ۖ وَسَنَقُولُ لَهُ مِنْ أَمْرِنَا يُسْرًا ٨٨

Ва амма ман омана ва ъамила салиҳан фа лаҳу ҷазаани-л-ҳусна ва санақулу лаҳу мин амрина юсра. 88.

88. Ва аммо он касе, ки имон овард ва кори шоиста кард, пас, ӯро аз рӯи подош ҳолати хуш аст ва дар боби ӯ аз дастури Хеш сухани осон хоҳем гуфт».

Дар идомаи посух Зулқарнайн гуфт, ки аммо, агар шахсе аз онҳо ба Аллоҳи Ягона имон орад ва дар ҳамин дунё амали нек кунад, дар ивази амалҳои хубаш дар амнияту осудахотирӣ зиндагӣ мекунад. Ба ӯ корҳои осон пешниҳод карда мешавад ва ба корҳои тоқатфарсо таклиф карда намешавад. Дар охират ба Ҷаннат мукофотонида шуда ба неъматҳои он сазовор дониста мешавад. Аз ин суханҳо маълум мешавад, ки Зулқарнайн подшоҳи муъмину одил будааст, ки бо касони имоноварда муъомилаи хуб мекардааст ва бо касони беимон, то имон оварданашон бо дуруштӣ муъомила кардааст ва онҳоро ҷазо додааст. Хулоса, Зулқарнайн баъди ба тартиб даровардани тарзи зиндагии сафари ба ғарб кардаи худро ба поён расонид. Баъд аз он, чуноне ки аз оятҳои қуръонӣ маълум мешавад, Зулқарнайн азми сафари шарқ кард.


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Каҳф Ояти 87 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)