Сураи Каҳф Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Каҳф Ояти 90

حَتَّىٰ إِذَا بَلَغَ مَطْلِعَ الشَّمْسِ وَجَدَهَا تَطْلُعُ عَلَىٰ قَوْمٍ لَمْ نَجْعَلْ لَهُمْ مِنْ دُونِهَا سِتْرًا ٩٠

Ҳатта иза балаға матлиъа-ш-шамси ваҷадаҳа татлуъу ъала қавми-л лам наҷъа-л лаҳум-м мин дуниҳа ситро. 90.

90. То вақте ки ба маҳалли баромадани Офтоб расид, (чунин) ёфт, ки он бар гурӯҳе мебарояд, ки барои онҳо ҷуз аз Офтоб ҳеҷ пардае насохтаем.

Зулқарнайн ҳамроҳи сарбозону васоилу асбобҳои худ ба тарафи машриқ равон шуд, то ба маҳалли баромадгоҳи Офтоб расид. Дар он ҷо қавми инсонҳоро дарёфт, ки дар пасттарин марҳалаи тараққиёт шакли ибтидоии ҷомеъаи инсонӣ қарор доранд. Онҳо қавме буданд, ки бе ҳеҷ гуна либос урён ва бе хонаву сохтмон умр ба сар мебурданд. Ин қавм рӯзона аз гармии Офтоб дар ғорҳо паноҳ мебурданд ва баъд аз ғуруби Офтоб аз ғорҳо баромада, ба моҳидорӣ машғул мешуданд. Хулоса, Зулқарнайн бо аҳли мағриб чӣ муъомилае карда буд, бо аҳли машриқ низ он муъомиларо пеш гирифт, зеро аз омадани ӯ мақсад ҳамин буд, касе имон меовард, ӯро иззату икром мекард, касе дар куфри худ боқӣ мемонд, ӯро ба азоб мекашид.


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Каҳф Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)