Сураи Каҳф Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Каҳф Ояти 91

كَذَٰلِكَ وَقَدْ أَحَطْنَا بِمَا لَدَيْهِ خُبْرًا ٩١

Казалика ва қад аҳатна би ма ладайҳи хубро. 91.

91. Чунин буд (қиссаи ӯ). Ва ҳаройина, Мо ба он чӣ назди вай буд, аз рӯи хабардорӣ фаро гирифтаем.

Худованд дар ин оят хабар додааст, ки ин буд достони бошукӯҳи Зулқарнайн. Пеш аз он ки Худованд подшоҳӣ ва лаёқати ҷаҳонкушоиро ба ӯ бидиҳад, салоҳияти ӯро дар ин кор медонист. Лашкару олоту абзори ӯ то ҷое расида буд, ки ба ғайри Худованд касе миқдори онҳоро дақиқ намедонист. Дар ривоятҳо омадааст, ки Худованд ба ӯ умри дароз дода буд, аз мағриб то ба машриқ сайр кард, ҳамаро таҳти тасарруфи худ қарор дод. Дар ин байн ба ҳар қавму қабилае, ки мегузашт, онҳоро таҳти тасарруфи худ медаровард ва ба ибодати Худои Яккаву Ягона даъват мекард. Агар итоъат мекарданд онҳоро бисёр иззату икром мекард, вагарна болои онҳо қаҳр мекард, касе аз онҳо салоҳияти сарбозиро медошт, ба лашкари худ пайванд медод. Хулоса, чун дар ин ҷо тамаддуне, ки Зулқарнайн оварда буд, барқарор шуд, ӯ байни машриқу мағриб роҳи севумро пеш гирифт.


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Каҳф Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)