Сураи Каҳф – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи «Каҳф» дар Макка нозил шуда, дорои 110 оят аст.

Номи сураи мазкур аз ояти 9-уми ҳамин сура интихоб шудааст. Сабаби номгузории ин сура бо калимаи «Каҳф» дар он аст, ки он достони аҷиберо, ки Асҳоби Каҳф (ёрони ғор) ном дорад, дар бар гирифтааст. Дар Қуръони карим панҷ сура бо калимаи «Алҳамдулиллоҳ» оғоз шудааст. Аз он ҷумла, сураи «Фотиҳа», «Анъом», «Каҳф», «Сабо» ва сураи «Фотир». Дар фазилати ин сура ҳадисҳо ривоят шудааст. Аз он ҷумла, «Ҳар кас даҳ ояти аввали сураи «Каҳф»-ро ҳифз (аз худ) кунад, (дар ривояти дигар омадааст: «Ҳар кас даҳ ояти охири сураи «Каҳф»-ро бихонад), аз фитнаи Даҷҷоли (л) эмин мемонад. Дар ҳадиси шариф бо ривояти Анас (р) аз Расулуллоҳ (с) омадааст: «Ҳар кас сураи Каҳфро дар рӯзи ҷумъа бихонад, ин сура фосилаи байни ду ҷумъаро ҳамчу нур барои ӯ равшан мекунад». Дар дигар ривоят омадааст: «Ҳар касе сураи «Каҳф»-ро шаби ҷумъа бихонад, ин сура байни ӯ то хонаи Каъба аз нур равшанӣ мекунад.

Сабаби нузули сураи «Каҳф»-ро Муҳаммад ибни Исҳоқ аз Ибни Аббос (р) ривоят кардааст, ки қурайшиҳо Назр ибни Ҳорис ва Уқба бини Абимуъайтро назди донишмандони яҳуд ба Мадина фиристода, ба онҳо гуфтанд: «Равед, сифатҳои ӯро назди онҳо нақл кунед, то бидонем, ки ин шахс кист, зеро онҳо аҳли китобанд, дар бораи Пайғамбарон огоҳӣ доранд, мо бошем аз чунин илм бебаҳраем». Он ду шахс ба Мадина омаданд ва мавзӯъро бо донишмандони яҳудӣ дар миён гузоштанд. Донишмандони яҳудӣ ба онҳо гуфтанд: «Равед, дар бораи се чиз аз ӯ савол кунед, агар ба ин саволҳо ҷавоб дода тавонад, пас дар ҳақиқат ӯ пайғамбар аст. Агар ҷавоб дода натавонад, вай дурӯғгӯ ва сохтакор аст, пас шумо медонед бо ӯ чӣ кор кунед.

Аввал аз ӯ пурсед, ки дар асрҳои пеш достони аҷоиби ҷавононе (асҳоби Каҳф) гузаштааст, он чӣ гуна аст? Дар саволи 2-юм аз ӯ пурсед, ки дар дунё марди дунёгарде (Зулқарнайн) гузаштааст, ки машриқҳо ва мағрибҳои Заминро паймудааст. Ӯ кист ва чӣ гуна шахс аст? Дар севумин савол дар бораи рӯҳ аз ӯ бипурсед, ки рӯҳ чист? Пас, агар аз ин се савол ба шумо хабар дод, дар ҳақиқат ӯ Расули Худост. Хулоса, онҳо ба Макка баргашта, ба қурайшиҳо гуфтанд: «Эй қабилаи Қурайш! Мо барои шумо чизе овардем, ки байни шумо ва Муҳаммад файсала хоҳад кард». Он гоҳ он чи аз яҳудиёни Мадина шунида буданд, дар миён гузоштанд ва сарони Қурайш назди Расулуллоҳ (с) омада гуфтанд: «Эй Муҳаммад! Агар Пайғамбар бошӣ, моро аз ин се мавзӯъ хабар деҳ ва он се саволро матраҳ карданд. Расули Худо бе он, ки иншоаллоҳ гӯяд, ба онон фармуд: «Фардо шуморо аз он чӣ савол кардед, хабар медиҳам».

Бо шунидани ин сухан сарони Қурайш аз назди Расулуллоҳ (с) баргаштанд. Аммо дар ин бора Худованд ба ӯ (с) ба таври маъмулӣ (яъне, дарҳол) ваҳй нафиристод.

Бо ҳамин понздаҳ рӯз Расули Худо мунтазири ваҳйи илоҳӣ шуданд. Дар Макка садо ва ғулғулаҳо, ки Муҳаммад ба мо фардоро ваъда доду аллакай понздаҳ рӯз гузашт ва ҳеҷ хабаре аз сӯйи ӯ нест, баланд шуд. Расули Худо аз дер омадани ваҳй бисёр ғамгин буд ва аз шунидани суханҳои мушрикон он рӯзҳо барои ӯ (с) сахту душвор мегузашт. Сипас, Худованд ба ӯ (с) кушоиш дод. Ҷабраил (а) аз сӯйи Худо сураи «Каҳф»-ро фуруд овард, ки дар дохили ин сура ва оятҳои сураи «Исро» ба он се саволи мушрикон посух дода шудааст. Ин сура достони Асҳоби Каҳф, достони Мӯсо ва Хизр ва достони Зулқарнайнро дар бар гирифтааст. Ба ғайри ин сура дигар дар ҳеҷ ҷои Қуръон сухане аз инҳо ба миён наомадааст. Танҳо дар сураи «Анбиё» ояти 96-ум масъалаи Яъҷуҷ Маъҷуҷ бо зикри номи «Зулқарнайн» ишора шудааст. Ба ҳар ҳол муҳтавои сураи мазкур пурбору пурбаракот ва тарбиядиҳанда аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 111 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)